Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ба гӯшаш мерасид. «Хешу табор ин кадар харҷ бояд бихарам, — гуфт Орзу.
Орзу дар бозгашт қариб медавид ва вақте, ки гӯс-фанди сафедро дар ҷояш дид, қадамҳояшро суст карда, нафасгирияш ором шуд ва расидан замон бепарво-ёна гуфт:
— Ана, дидӣ падар, ман боз омадам.
— Мебинам, — ҷавоб дод пирамард, — агар тақдират, хоҳарам, дар ин ҷо бошад, хоҳ панҷ бор равӣ ҳам, боз бармегардӣ.
— Эй, падар, мефаҳмӣ, лозим ки ҳаст, барон ҳамин бояд бихарам, — гуфту Орзу.
Пирамард одами бафаҳм будааст. Ӯ, албатта, на-медонист, ки Вакил киву писараш-Байрам кӣ будааст. Аммо боодобона сар ҷунбонида, ришашро сила карда, боре ҳам сухани ӯро набурида, тамоми таърихи гӯсфанд-хариро гӯш кард. Холаи Орзу то дергоҳ нақл намуд, охир ҳамаашро аз аввалаш ҳикоя бояд мекард: вақте қарор дод гӯсфанди зебое бихарад, чӣ тавр тайёрӣ медид, тамоми зимистонро интизорӣ кашидану, пул ҷамъ-карданду то бозор омаданашро. Ғайр аз ин, барои он ки шӯру ғавғон бозор халал нарасонад, холаи Орзу хеле бо овози баланд, даст афшонида нақл мекард, аммо мӯйсафед хомӯш истода ҳамоно ришашро сила мекарду механдид.
Ва ҳамааш, ҳеҷ гап не, дар бозор чӣ корҳое намешавад. Аммо чунин шуд, ки дар байни тӯдаи одамони Орзуро иҳотакарда соҳиби тӯйи фардоина низ буд. Беш аз ҳама Вакилро он мутаассир кард, ки Орзу ҳамеша ӯро хоҳарзодаи худ мехонд. Охир аз ҷониби модарӣ ягон хеш ҳам надошт-ку, ягон хола ҳам, ки ӯро хоҳарзода хонад!
— Падари азиз, агар ман медонистам, ки ҳоло мол ба чунин қиммат аст, ҳаргиз ба тӯй гӯсфанд ваъда намекардам...
«Кӣ забонатро ин қадар хориш дод?» — ба ғазаб фикр кард Вакил.
— Имрӯз ҳамаи ҳамдеҳагон дар бораи ин гап мезананд, ана ҳоло ин қисса то бозор расидааст. Вакил оҳиста ба атроф нигарист; издиҳоми мардум ҳамоно меафзуд. Марди гӯшвазнине ба Орзу наздик шуд, ки ҳаргиз чунин як зани баландовозу тезсуханро надида буд.
Вақте, ки пас аз ним соат, кӯфтаву хаста аз хариди тӯйи фардоина, Вакил аз бозор мерафт, дар пеш Орзуро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо