Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
шумо намебинед? Ин гӯсфанди ҳақиқатан калон аст. Баҳояш як саду панҷоҳ сӯм.
Холаи Орзу ҳарфе нагуфта ба роҳаш идома дод. «Боз номи ин ҷавонмард будааст, — гуфт ӯ худ ба худ, — тамоман бевиҷдон будааст. Ё, шояд ин бадбахт фаромӯш кардааст, ки уштур намефурӯшад: буду шудаш гӯсфанд будааст-ку?» Бо ин нархи нестандарҷҳои шӯрида, аз пеши кампиру марди миёнасоли зану шавҳаре ҳам гузашт. Ӯ дар назди пирмарди некӯсириште, ки риши дарози қафаси синааш паҳшкардаро ҳамвора сила менамуд, қарор гирифт. Ин силаданҳои пирамард ба риш, Орзуро қадре ором кард. Ӯ дасташро ба пушти гӯсфанди калону аз ҳама сафед гузошт:
— Падар, барои ин сафедак чанд пул мехоҳӣ?
— Баҳои гӯсфанди сафед, азизам, саду шаст сӯм аст.
Бале, ин танҳо намуди берунаи бозори Ҳанҷегон тағйир ёфтааст. Нархҳояш ҳам ҳайратовар. Орзу аз тааҷҷуб, бемақсадона, қад-қади қаторҳо қадам ниҳод. «Пирамард ягон бист, бисту панҷ, ё ҳеҷ набошад сӣ сӯмашро кам мекардагист, албатта, агар савдояш омад кунад. Ба ҳар ҳол барои як гӯсфанд саду панҷоҳ не... инаш беинсофист!» Ва Ӯ бесаранчом то охири қаторе рафт, ки барои фурӯши гӯсфанд махсусонида шуда буд.
Акнун фақат ӯро гӯсфанду барраҳои сафед, сиёҳ, бур, иҳота мекарданд, ки ҳамвора маъос мезаданду аз ҳаракати ноҷо мерамиданд ва чашмонашонро калон-калон мекушоданд. Чунин менамуд, ки Орзу ногаҳон миёни мавҷи баҳри пашмҳои ҷунбон афтода бошад. Ин ҷо ҳам гӯсфанди хуб ёфта мешуд, аммо чунон сафеду чунон калонаш, мисли гӯсфанди пирмарди ришдор, дигар набуд. Ба замми ин нархашро намегӯед! Барои гӯсфанде, ки аз моли муйсафед бадтар аст, яксаду шаст, ҳатто саду ҳафтод сӯм талаб мекарданд... Бараяке, ки дар киса ҷой мегирад, сад сӯм нарх монданд. Не, зудтар бояд ба назди пирамард баргашт, ки мабодо ӯ гӯсфанди зеборо фурӯхта бошад. Оҳ, беақл аст ӯ, беақл, чунин гӯсфандро якбора доштан даркор, савдо карда шиштан лозим набуд. Чунин гӯсфандро аз кӯчаи деҳа гузаронидан чӣ кайфияте дошт. Одамон, ҳатто роҳ ба роҳ мепурсиданд: «Чанд пул харидӣ?!»
— «Яксаду шаст сӯм» — ӯ бошад, бепарвоёна, ҷавоб мегуфт. «Ана инро нарх мегӯянд!» — аллакай аз ҳар тараф

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо