Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ана дурӯғ гуфтӣ, Чапба. Камаш панҷ сол дурӯғ гуфтӣ. Чиҳилу панҷ бошад, чилу панҷ гӯй охир. Ҳай, ҳай, ҳай... дурӯғгӯй торикии имон аст. Боз номаш мӯйсафед! Боз паррандабозӣ шоиста... намуна, гуфтан мумкин аст. Аммо чӣ тур барои насли наврас намуна шуда метавонад?
— Чӣ хел... намуна?..
Чапба, аз ҳайрат ҷавобе надод, зеро чунин ранг гирифтани корро чашмдор набуд. Орзу бошад борони маломатро ҳамоно бар сари ӯ мерехт.
— Ана дидӣ! Ин туӣ, ки дурӯғ мегӯӣ, на ман. Ту набераҳои калон дорӣ. Чапба, хуб не, хуб не... — Ва Орзу анбонашро бардошта роҳи бозорро пеш гирифт.
— Шояд дар бораи гӯсфанд ҳам чизе нагуфтӣ? — пурсид Чапба. Гӯсфанд — гапи дигар! — гуфт Орзу ва ба қафо нигарист. Дар бораи гӯсфанд гуфтам. Ту охир, азизам, Вакили моро худат мешиносӣ-ку. Ӯ писари ягонаашро хонадор кардагӣ. Гап байни худамон монад, писараш як бекорхӯҷа, аммо тӯй, охир, тӯй аст, ё нодуруст? Ана, масалан ман мехоҳам, ки ба тӯйи хоҳарзодаам, Вакил, гӯсфандро туҳфа бубарам.
— Аз кай боз Вакил-дароз хоҳарзодаи ту шуда монд? Шояд, ман чизеро намефаҳмам, аммо кӣ ба кӣ хешу табор аст, инро кайҳо боз, хеле пухта, медонам, Орзу.
— Маъмулан шояд ту ҳақ бошӣ, аммо беҳтар бубинем хуб меёбем, ки дар Гочук ҳамагӣ хешони як таборанд. Ҳамаамон оилан бузургем, Эҳ, охир гап дар сари ин нест! — Овози Орзу оҳанги хушомадгӯёнаро гирифт ва ба пирамард наздиктар расида аз бозӯи ӯ хасеро партофта, идома дод.
— Чӣ хел ту намефаҳмӣ, азизам Чапба...
— Эҳ кошке тез-тез маро чунин навозишкорона ном мегирифтӣ, Орзу. Эҳтимол, ба ту он гоҳ дигар ҳеҷ кас лозим намешуд...
Ба суханони ӯ эътиборе надода, Орзу идома дод:
— Дар ин дунё, азизам Чапба, зиндагӣ, ду бор муяссар намешавад. Бигзор Вакил-дароз хоҳарзодаи ман набошад, бигзор... Аммо, бигзор мардум гӯянд: «Ӯ ба Орзу хешие надорад, лекин занак ба тӯй гӯсфанд овардааст!» Чӣ тур?
— Ана ҳамин тур, — тамасхур кард Чапба — Эҳ Орзу, Орзу... солҳое сипарӣ шуданду ту ҳамониву ҳамон,—

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо