Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ниҳоят, Вакили мо писари ягонаашро хонадор мекунад, азизам, Тӯхта. Гап байни худамон монад, албатта писараш, бекорхӯҷа, аммо охир, бе гӯсфанд ба тӯйи онҳо рафта наметавонам! Мардум чӣ мегӯянд? Магар гапам рост не? Ту гапҳои маро мешунавӣ, дугона? Чаро дамат гирифтааст? Шикамат чӣ хел, дигар азобат намедиҳад?
Тӯхта чизе ҷавоб надод ва Орзу андешаашро давом медод.
— Бале, — овозаш ин бор тамоми салони автобусро фаро гирифт.
— Шикам — аз ҳама дарди бад...
Ногаҳон Орзу бо ваҳму ҳарос ҳис намуд, ки касе ором-ором даст бурда анбонашро мекобад. Ӯ оҳиста ба гӯшаи чашмаш дид, ки ҷавони рӯяш захмдор, густохона бо чашмони намгирифтааш чашмак зада, дар ҳақиқат даст ба анбонаш мезад. Аниқтараш анбонро мекофт ва дар сурати бегуноҳии бепарвоёна, чун дар хоб, ба атроф менигарист. Чун ин бешармиро Орзу то ҳол надида буд! Дар анбон байни латтабанди фарсудаи чит андаке хокаи ранги хушк буду халос. Орзу сари ҳар дам мехост рангро партояд, зеро лаҳзае лозим шудани рӯмолак мумкин буд. Акнун, ки рангҳо напартофта буд, дигар ҳангоми такон хӯрдани автобус бо чашмони худ ғайб задани латтабанди пури рангро аз анбонаш медид. Албатта, ҳайфаш омад, ки рӯмолаки кӯҳнаро аз даст дод, ва андаке барои ранг ҳам дилаш сӯхт. Хусусан аз чунин бешармӣ: рӯзи равшан; дар автобусе, ки пуропури одам аст, аз анбони як бегона, чун аз ҷайби худ рангро рабудан! Орзу рост ба чашмони ҷавон нигариста, оҳи ғазаболуде кашид. Ҷавон бошад нигоҳашро нагурезонда, бо як даст нами чашмонашро пок карду дасти дигарашро озодона аз анбон берун кашида мӯи расидаи сарашро бо панҷаҳояш шона зада, вонамуд кард, ки гӯё бегуноҳ бошад. Холӣ шудани анбон аз рӯмолаку ранг аён, аммо ӯ онҳоро кайҳо боз дар куҷое моҳирона пинҳон карда буд. Орзу хурсанд шуд, ки пули гӯсфандро, хушбахтона, дар ҷои дигар пинҳон карда буд. Дар ҷои боэҳтимоле, ки гиреҳбанди онро дузд ҳар қадар хоҳад ҳам дастрас карда наметавонад, ва агар чандон кӯшише ҳам ба харҷ диҳад. Орзу, албатта, тамоми автобусро ба сараш мебардошт. Хайр... бало ба пасаш: як каф рангу як рӯмолаки кӯҳнаву дарида будааст, хуб шуд, ки ҳамин тавр муфт

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо