Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шудани мағоза, то соати ёздаҳи саҳар ба сокинони деҳа мефурӯшад. Шояд савдогар бо ин оғози ихтиёрӣ ба ҷайби худ даромади на он қадар камро меандозад...!

Хоҷам-ого рӯзномаро аз худ дур карда, айнакашро гирифт ва бо ангуштонаш чашмонашро молиш дод ва гӯё аз онҳо дарди гаронро дур кард.

Ӯву Санам-оча ба рӯи ҳамдигар нигоҳ накарда хомӯшии тӯлонӣ кашиданд. Аммо соатҳои деворӣ, чунон ки қариб дар ҳама хонаҳои деҳ буданд, лаҳзаҳоро мешумориданду мешумориданд. Чунон ки дар ҳама хонаҳои деҳ...

ВАКИЛ ТӮИ ДОРАД

Холан Орзуро то дергоҳ хобаш набурд. Болои қати васеъ аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашта, андеша мекард; ки пагоҳ читур дар бозор гӯсфандро интихоб хоҳад кард. Соҳиби мол дар тасаввураш пирамарди бовинкори ришкӯтоҳ ва, ба ақида, гардани ҷавонақ ҷерҳаракат ҷилва менамуд, ки бо занон наздик шудан ҳам намехост. Зеро хуб медонист, ки бо онҳо моли хуберо савдо кардан, коре буд муҳол. Занон барои як сӯм шуда чунон истодагарӣ мекунанд, ки оқибат ба ин рафторашон кори савдоро ба бад бурда мерасонанд. Холан Орзу низ албатта зан буд, аммо ӯ барои як сӯм шуда даъвогар намешуд. Се сӯми иловагиро ҳам барои харидани гӯсфанди хубе дареғ намедошт. Охир, Вакил пагоҳ писари ягонаашро хонадор карданист...

Бо чунин орзуҳои ширин Орзуро хобаш бурд. Пас аз чанд лаҳза ба худ омада бо ҳарос ба тиреза нигарист: наход, ки дер карда бошад-а? Аммо, ҳанӯз субҳ надамида, шишаҳои тирезаро гарди тозаи нофармоии сапеда пардапӯш карда буд. То ба шаҳр рафтани автобуси якум низ беш аз як соат вақт буд. Агар вақтро кашол надода, рӯи роҳ баромада, ба ягон мошини ростомада менишаст, ним соат бурд мекард. Ним соат дар бозор худаш ҳам хеле гап аст. Дар ин муддат шутуру шутурбачаро савдо кардаи мумкин аст, ҳол он ки як гӯсфанд будааст.

Ҳанӯз бегоҳ Орау сарашро шуставу пеши оинаи барқад, мӯйи дарози ғафсашро шона кард ва пироҳани нави кабуди нахудгулли сафеддоштаашро дар бар гирифта, попӯши камари тилоирант доштаашро, ки он вақтҳо муд шуда буд, пӯшид.

пешина
аз 328
навбатӣ