Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
фаровонист, пас шояд дар он дунё ҳам фаровон аст. Ҳа, чаро ту риштаи суханро ба арақ бурда пайвастӣ? — арз кард Санам-оча. — Ту дониста мон: то вақте ки сари сафеди ман бо танам пайванд дорад, як қатра ҳам наметавонӣ нӯшид!
— Хоб рав, ғайбати одамон хуб нест ва ҳатто кори мо ҳам нест, гуфт Хоҷам-оғо.
Хонаро хомӯшӣ фаро гирифт, танҳо садои соати деворӣ, ки онро ҳам кооператорони таҳҷой оварда бу-данд ва онҳо дигар вақтро дар ҳама хонаҳои деҳ ни-шон медоданд, шунида мешуд. Аз панҷара шуои чароғи кӯча вориди хона шуда як тарафи деворро то кунҷи дигараш чунон рӯшноӣ медод, ки Хоҷам-оғо таргак-ҳои соатро ба хубӣ дида метавонист.
Онҳо соати понздаҳ дақиқа кам якро нишон медо-данд. Мӯсафед баногоҳ табассуме карду дасташро ба рӯи мӯйлабҳои сафедаш давонда, бо кафаш риши тор-торашро, ки мӯяки сафеди рангмолиро мемонд ва ма-наҳои пешбаромадаашро ба гӯшҳои чапарияш мечас-понд, навозиш кард. Худ намедонист, ки барои чӣ бо-шад, шаби гузаштаро ба ёд овард, ки он шаб, қариб буд, саги хонагии худаш ӯро газад. Ҳамчунон барои меҳмони имшаба ҳам мисли меҳмоне, ки шаби гузашта омада буд бақияи пулашро ҳисоб мекард. Аммо ин меҳ-мон интизори бақия нашуда рафт. Хоҷам-оғо бо ҳар чӣ ки дар тан дошту таҳи дар меистод, аз пушти ха-ридор шитофт.
— Ҳой, бақияро гир, ҳой! — дод зад ӯ, оромии шаб-ро вайрон карда.
— Ист мегӯям, бераҳа, намешунавӣ магар?
Харидор бошад, дар тангии он кӯча аз назар дур мешуду дур мешуд. Ӯ ба ҳарду тарафи роҳ алвонҷ мехӯрд, гӯё ки на пиёда, балки савори уштур бошад. Мӯсафед бо тамоми нерӯяш давида ӯро дар паҳлӯи де-вори лойини хоначас, ки ҳеҷ бо ин пою он пояш на-метавонист воридаш гардад дарёб кард.
— Барои пули ту ман боз медавам чӣ? — базӯр нафас гирифта вале бе ягон хашмгинӣ, мастро сарзаниш кард Хоҷам-оғо. — Ман мебинам, ки барои шароб шуда инсофатро гум кардӣ, чунон ки ин пири фартутро ба давидан аз пуштат маҷбур мекунӣ. Ана, шаш сӯму сию ҳашт тангаатро гир, ва ё магар намедонӣ, ки як шишаи арак се сӯму шасту ду танга баҳо дорад? Чӣ, магар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо