Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гап мезанад ва аз ҳама хандаовараш ки онро тангаба-танга ҳисобӣ карда бармегардонад. Боз инаш чӣ маъни дошта бошад? Фурӯшандаи мағозаи арақ онро рӯзи рӯшан ҳам намедиҳад, агар дар ин хусус ҳарф занӣ чашмонаш аз косахонаашон мебароянд, аммо ин ҷо марҳамат карда бақияро ҳам гиред! Хайр, ақро барнагардон бе ин ҳам ҳамаамон медонем, ки ту одами неқройӣ, барон мо азиз ҳастӣ...

Харзагӯии харидори шабҳангом охири охирон бо дур рафтанаш хомӯшу канда шуд ва Хочам-ого нӯг-нӯги по, бо қадамҳои дуздона, ба рӯи кати хобаш баргашт ва шабчароғи «Нилуфар»-ро хомӯш кард. Аз чеҳрааш бо он ки ӯ боз як некиву мардонагӣ карда, то дергоҳӣ нишони табассум дур нашуд. Ва ҳатто харзагӯиҳои кампир ҳам боварии ӯро, бо он ки кори нек кардааст, намешикаст ва табъи хушашро хира ҳам намекард.

— На худашон хоб мераванду на дигаронро амони хоб рафтан медиҳанд ин бадмастони носерам, кошкӣ чашмони сарам рӯи нопокашонро намедид... — ором намегирифт Санам-оча, дахонфоча кардаву дахонашро бо дасташ пӯшида. — Онҳо чӣ хубие дарёфта бошанд аз ин шароб ки ба суроғаш чун пашҳаҳо дар суроғи асал меоянд?... Аҷаб-э чунон менӯшанд, ки шаб дар нигоҳашон ба рӯз бадал мешаваду беохир меоянду меоянд...

— Ҳа, кампир, ту чӣ бехуда мегӯӣ? — бо як меҳрубонӣ гуфт ӯ Хочам-ого ва ба китфонаш тап-тап зада. — Менӯшанд, бигузор, барои худашон менӯшанд, ҳоло ки нӯшида метавонад, ҳоло ки саломатӣ хуб ҳаст. Ана худи ман ҳам мехоҳам, ки гоҳу ногоҳ ягон қадах резам, агар ҳамин ҷигарам намешуд, хайр баъд аз куҷо медонем, буданаш шояд на барои мастӣ, балки барои давойи менӯшанд, ҳар хел буданаш мумкин...

— Ҳм, ӯ менӯшидааст! — гур-гур кард кампир ва ба дигар паҳлӯ гашт.

Агар ҳамин хел бошад ана ту аз ман мегирӣ! Як чизро ман намефаҳмам, ки баъзеҳо рӯзи дароз дар мағозаи араканду зиндагияшон бе ягон камбудӣ. Аз он хонае, ки ҷон мастигарист, некӣ намерӯяд.

— Агар боаклона нӯшӣ — оқибаташ бахайр аст, — бо боварӣ гуфт Хоҷам-ого. — Вале он кас, ки андозаашро намедонад аз шӯрбо ҳам маст шуданаш мумкин. Навбати зиндагӣ як бор аст, дар он дунё май нахоҳанд дод.

— Кӣ медонад? Агар дар ин дунё бо амри Худо шароб

пешина
аз 328
навбатӣ