Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Х-хоб аст! Пас ч-чаро м-мегӯянд, ки пиронро бехобӣ азоб медиҳад, дурӯғ мегӯянд-ҳа? Хайр, агар хоб бошад, бигузор хобҳои хуб бинад гулрӯяки худо! Т-ту з-зудтар барор! — Гуфтаҳои меҳмони нимашабӣ, ки машруботи гуногунро то ҳадде хӯрда буд, ба Хоҷам-ого сахт нарасид, баръакс ӯ шод буд, зеро дар қисма-таш аз азал чунин будааст, чаро пас аз касе гила ме-кардааст! Вале бо меҳмон ҳамсӯҳбат шудан ва ба савол-ҳояш ҷавоб додан ва танбеҳ доданашро ихтиёр накард, зеро аз таҷрибааш медонист, ки агар риштаи сӯҳбатро мекушод ин сӯҳбатро дигар анҷоме набуд: Шароб ҳам дар дунё барои он офарида шудааст, ки дигар забон-ро баста нашавад.
Бо таъсири кадом фикрҳо табассум намуда мӯ-сафед аз қуттӣ ду шиша арак бароварду ба меҳмони шабонгоҳӣ наздик шуд: ӯ бояд пулҳои ғисимшудаи муштариро ҳисоб мекард.
— Хайр... ин ҷо ҳашт сӯм... ҳашт.. мегуфт ӯ худ ба худ. — Агар ду бор се сӯму шастудугинӣ ҳисоб кунем, баробар мешавад ба ҳафт сӯму чиҳилу чаҳор танга... Ба харидор бояд шастушаш тангаи боқиятро баргар-донид...
— К-к-куҷо ғ-ғайб задӣ т-ту, ч-чӣ м-мекобӣ? — аз кӯча садои харидори бетоқат шунида шуд. П-п-пулро ки гирифтӣ — аракро биёр! Ман вақти интизорӣ надорам, ба-рои чун ман йигитҳо аз куҷо вақти изофа пайдо ме-шавад? Онҳое интизоранд, ки ин корро ба ман бовар кардаанд, косаи сабри онҳо лиммолабрез шудааст, — т-ту магар бо он майнаи пират инро мефаҳмӣ ё не, аз ту ме-пурсам...
— Ман мефаҳмам... ман ҳозир... — бақияро ҳисоб кар-да, зуд-зуд мегуфт Хоҷам-ого ва гӯё чун пештара бовар дошт, ки ӯро мефаҳманд.
— Ана, тайёр, ҳамаашро ки азони туанд гир, — ин ҷо расо шастушаш танга аст!
Ӯ дарро аз дигар боз карду бо сӯрохи торике, ки аз он ҷо пештар ба машом бӯи бади шароб мерасид, ду шишаву тангаҳои бақияро дароз кард ва танҳо вақте фаҳмид, харидор ҳамаашро гирифтааст, дарро пӯшиду занҷираки садодорро баст. Лаҳзае нагузашта, ки аз пушти дар ба гӯшаш расид:
— Э-э-э. Худоё, маро бубахш, ин соддаҳо аз куҷо пайдо мешаванд, худаш чӣ гап? Аз ӯ-н-н-ними шаб ҳам ду шиша талаб дорӣ, ӯ бо ту дар хусуси к-кадом бақияе

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо