Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
дасташ тела дод. Ӯ то мурдан сигор кашидан мехост, аммо ин бор аз дасти одаме, ки ӯро дар рӯяш дузд ном бурд, тамоку гирифтан нахост.
— Ман гумон мекардам, ки ту марди боаклӣ, Хочӣ-ого, — оҳе кашида гуфт Умар. — Аз ин мебарояд, ки мардум бехуда аблаҳат ном намебаранд. Чӣ, колхози ту, аз он ки ман як халта алаф гирифтам камбағал мешавад? Ха? Ҳафтодсола мешавию мисли кӯдакон андеша меронӣ! Умар даст афшонду рафт.
— Умар! — аз пушташ давида фарёд зад Хочӣ-ого.
Ту дар хотир дошта бош: бигузор ман кӯдак бошам, аммо ин хабарро то ба гӯши роҳбарияти колхоз хоҳам расонд!
Умар ба қафо баргашт.
— Маро аз роҳбариятат метарсонӣ? — бо нигоҳи ғазаболуд ба чӯпон нигоҳ кард. — Он роҳбарияти туро бисёр дидаам!...
— Умар, бехуда меранчӣ, ман...
— Аз кӣ ранчиданамро хуб медонам!... — Умар боз ҳавои даст карду бо як матонат ҷониби халтаи пур аз бедааш раҳ гирифт.
Ӯ роҳравон, оромона боз чизе гуфт, аммо Хочӣ-ого дигар суханонашро нашунид. Бо ин ҳама ӯ лаҳзае бовар намекард, ки Умар дашномаш дода бошад. «Бигузор, дашноҳ ҳам диҳад!...» — мағрурона худро бовар мекунонад мӯсафед. — Дузд ин, дузд ҳаст, аз он чашмамро пӯшида намегузарам! Хайр чӣ, ранҷида бошад ҳам бад нест, — онро хубтар хоҳад фаҳмид!».
Хочӣ-огоро дар хонааш ҳам нохушиҳо интизор буданд — Ӯ ду рӯз боз дар хонааш наменамуд. Дарро накушода буд, ки кампираш Амонточ ба назди газ расида оташи онро хомӯш кард. Ҳарчанд ки чой ҳанӯз начӯшида буд, ӯ ба корҳои дигараш овора шуд. Балки Хочӣ-ого бо якравни худ ин рафторҳои намоишкоронаи кампирашро Надида буд, аммо Амонточ ба ин гирумон худаш шурӯъ кард.
— Ҳама одамон чун адам хомӯш менишастанд, аммо ин бошад ҳамеша пешзабонӣ мекунад!
— Ту дар бораи чӣ мегӯй? — дилу бедилон пурсид Хочӣ-ого.
— Дар бораи чӣ, дар бораи чӣ!... гӯё ки худат намедониста бошӣ! Мегӯянд, ки боз дар маҷлисҳо сухан мекунӣ! Воизи нав пайдо шудааст! — барои хандаи мардум. Дигар аз кӯчаҳои деҳа гузар карда наметавонем —

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо