Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам андеша мекунанд. Вақте ки сухан аз дили соф аст, албатта нишонрас аст!»

Гапҳоро-ку гуфтем, аммо хуб нашуд. Аз клуб баромада Хоҷӣ-ого кӯшиш мекард, то бифаҳмад, ки чаро ин дафъа ҳам ӯро касе дастгирӣ накард. Бисёр асабонӣ шуда бо он, ки дигар ба чашми касе нахӯрад хулоса кард, ки то хонааш на аз роҳи деҳа, балки рост аз роҳи миёни боғи колхоз гузашта меравад.

Аз пушти боғ бедазоре доман афрохта буд. Бедаҳо ҷо-ҷо аз шиддати сармо заъфаронӣ шуда вале аз решаҳояшон ҳанӯз баргҳои сабз рӯнамоӣ мекарданд. Зери бори гарони андешаҳои нохуши хеш, Хоҷӣ-ого дар аввал чизеро пай набурд, вале чун наздиктар омад дид, ки марде дар халтаяш бедаи навакак даравидаашро пур мекард.

«Бедаро медуздад! — Хоҷӣ-ого қариб буд, ки талхакаф шавад. — Чӣ бояд кард? — Шояд даҳолат накунам? Ана рафт ба ӯ гап занам, чунон мекӯбад, ки...»

Хоҷӣ-ого сахт сулфид, то ки дузд тарсида досу халтаашро партофта аз ин шармандагӣ мегурезад. Аммо дузд андешаи гурехтан ҳам накард. Садои сулфаро шунида ӯ қоматашро рост карда ба Хоҷӣ-ого нигоҳе карду оромона доси дамаш ҷилодорро болои халтан пур аз беда гузошт ва ба пешвози ӯ рафт. Ин мард ҳамсоли Хоҷӣ-ого, Умар буд.

— Ана худо дод! — Умар ба чӯпон дасти салом дароз кард. — Тамокуро камтар бо худ гирифтам, боз баргашта ба тамоку рафтан — худӣ медонӣ... Бетамоку пажмурда шудем!

— Бетамоку мондан — як бечорагӣ, — гап кушод Хоҷӣ-ого тамокуву коғази озода қатшударо ба Умар дароз карда, — аммо бедаи колхозро даравиданат ба чизе арзиш надорад! — Ва ӯ бо таассуф сар ҷунбонд.

Якбора тамокуро фаромӯш карда, Умар норозиёна ба чӯпон нигарист:

— Ту чӣ, рост мегӯӣ ё?...

— Рост. Ин кори ту дуздӣ аст.

— Дуздӣ? Ман чӣ, ба фикри ту ягон каси бегонаам, дар дигар ҷо калон шудаам? Ман-ку посбонам?

— Посбон! — Хоҷӣ-оғо писханд зад. — Яке посбон, дигаре сардор, сеюмаш раис... Агар ҳар кадоматон як халтаӣ баред, пас зимистон ишками ҳайвонҳоро бо чӣ сер мекунем?

Умар хомӯшона ба ӯ нигарист-у коғазу тамокуро ба

пешина
аз 328
навбатӣ