Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хотири заҳматкашони саҳроро шод кардаанд, суханҳо гуфт ва дар охир шеъри ба раиси колхоз бахшидаашро ҳам қироат кард.
— Валӣ пиҷакашро дуруст карду аз курсияш бархост.
— Дигар хоҳишмандони сухан кардан ҳастанд?
— Нест!
— Тамом!
— Хайр, хулоса мекунем.
— Ин тавр ки бошад, иҷозат диҳед маҷлисамонро бахшида ба ин рӯзи саид...
— Истед, — шунида шуд аз охири толор, — ман гап дорам!
Аҳли маҷлис гашта ба қафо нигоҳ карданд — аз қатори охир марди миёнақади логарандоме бархосту ҷониби минбар омад, ки аз зери пиҷаки хокистаррангаш пираҳани сафедаш баромада буд. Ин марди чӯпон, Ҳоҷӣ-ого буд, ки саросема қадам мениҳод, шояд метарсид, ки агар дер монад иҷозати сухан карданаш нахоҳанд дод. Ранги рӯи Валӣ канд, аҳли маҷлис ҳама ба сӯи ӯ менигаристанд ва маълум буд, аз суханрониҳояш ҳосиле нахоҳад буд.
Балӣ саволомез ба Валӣ нигарист: «Чӣ бояд кард?» — ӯ фаҳмид, вале дам ба дарун зада рӯяшро ба дигар тараф гардонад ва бо ангуштонаш болои миз талангар задан гирифт.
— Ҳатман аз болои ҳамин куттӣ сухан кунем? — аз рӯи саҳия гузашта, мағрурона пурсид Ҳоҷӣ-ого ва ба минбар ишора кард. — Ё шояд аз ҳамин ҷо ҳам гап заданам иҷозат аст?
— Ин куттӣ нест, Ҳоҷӣ-ого, номаш минбар аст — мағрурона гуфт садри маҷлис.
— Фарқаш чӣ будааст? — чӯпон табассум кард. — Хайр иҷозат бошад, аз он ҷо?
— Иҷоза, иҷоза! — ларзида ҷавоб дод Валӣ. — Танҳо дар хотир дошта бош: аввал ин ки ба ту панҷ дақиқа...
— Ба ман ду дақиқа ҳам басанда аст! — гапи ӯро бурид Ҳоҷӣ-ого.
— Аммо, «баъд» чӣ?
— Аммо баъд чӣ, ки наздики овозгир биё, зеро овози туро фақат аз пушти ҳамин миз мешунаванду халос.
— Ту дар бобати ин масъала бепарво бош, овози ман бе ин ҳам баланд аст, маро ҳатто аз кӯча ҳам мешунаванд!

пешина
аз 328
навбатӣ