Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

барои Даврон, балки агар барои кадом рассоми варзида имконпазир будасту халос. Хеле бераҳм буд, он оташе ки дилу ҷони ӯро сӯхта ва як лаҳза гирифтори андуҳи кӯтоҳе, барои санъати муқаддасу ҷовидона карда буд. Чунин сӯхтани ҳамарӯзаву ҳамасоата басо мудҳиш менамуд. Мудҳиш, аммо барои Даврон, боз гуворо ҳам буд. Не, ӯ дигар қудрати чунин сӯхтанро надошт...
Даврон аранге пойҳояшро кашолакунон ба кӯча баромад. Рӯзи нав бо ҷӯшу хурӯш оғоз меёфт. Даврон низ мебоист ба рӯзи нави ҳаёташ шурӯъ мекард ва аз пайи корҳои нобасомонаш мешуд. Албатта, ҳарчӣ шуданаш мумкин — гуфт ӯ ва ба роҳаш идома дод. Ҳаёт идома дорад. Аз рӯи одат. Як рӯболо нигоҳе кард, аммо...
Хӯшаи Парвин кайҳо ба коми уфук фурӯ рафта буд.

ҲОҶӢ-ОҒО

Валӣ бо овози баланд, вале орому боварибахш ҳарф мезад. Хайр, чӣ, раиси колхозе, ки ӯҳдадориҳояшро то дусад фоиз барзиёд иҷро карда бошад, чигуна бояд боз ҳарф мезадааст? Дигар чунин колхозро, ноҳия як тараф истод, дар саросари вилоят ҳам ёфтан мушкил. Ва вақте ки раис суханашро хотима дод, садои карсакзанӣ тамоми толорро фаро гирифт. Валии ба изтиромада дасташро ба ҷайби шими маҳамалинаш, ки бори аввал ба муносибати чунин як пешомади тантанавӣ пӯшида буд, андохту аз он рӯймолаки хеле хуб утӯшудаашро бароварда арақи рӯяшро пок карда ба ҷояш, ки ҳайати раёсат буд, баргашт.
Балӣ, мудири амбор, ки раисии маҷлиси имрӯзаро ба ӯҳда дошт, аз ҷой бархоста пичакашро ба тартиб дароварду ба ҳозирини толор рӯ оварда, бо табассум пурсид: «Хоҳишмандони сухан гуфтан бошанд, марҳамат». Албатта, хоҳишмандон пайдо шуданд. Дар маҷлисе, ки касеро танқид намекунанду ҳеҷ масъалаеро ҳал намекунанд сухангӯёни зиёд пайдо мешаванд. Колхозчиён яке аз паси дигаре ба минбар мебаромаланд ва гӯё пештар маслиҳат карда бошанд, дар бораи муваффақияту дастовардҳошон ҳарф мезаданд, раису роҳбарон ҳамдигарро хуб ҳам таъриф мекарданд.
Ҳатто онҳое низ сухан карданд, ки ҳаргиз ба зӯрӣ ҳам то пеши минбар наздик намешуданд.
Мудири клуб дар бораи иштироккунандагони базми суруду хонишҳои бадеии халқӣ, ки бо ҳунарнамоии худ

пешина
аз 328
навбатӣ