Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Бале, ҳанӯз ҳам ҳама чиз дар хона нақши модарро дар хеш нигоҳ медошт, ҳам бухорӣ, ки тамоми тобистон оташаш месӯхт, ҳам намад ки болои он бо хоҳараш менишастанд... ва бисёр чизҳои дигар бароиш ошнову наздику фаҳмо буданд... Дар ҳамин асно аз паҳлӯи чапаш ногоҳ холигиеро эҳсос кард. Холигии сарду пурсадоеро. Даврон дарзамон бо дасти чапаш онро сахт зер кард, то бо ин роҳ холигии вуҷудашро пӯшонад. Аммо танҳо дилаш ғамгинона фишурда шуд ва чун мурғаки бенавои айёми сард, армони лонаи гарму нарм кард. Ӯ оҳе аз ҷигар кашиду оби даҳонашро фурӯ бурда аз Ҷаннат пурсид: «Модарам чизе... гуфт, ягон чиз дод... барои ман?»...

Ҷаннат посух надод ва Даврон андешид, ки шояд ӯ саволашро нашунида бошад. Рухсорҳояш аз ашки бисёр варам карда ва ин лаҳза нигоҳаш гӯё танҳо барои андӯҳ офарида шуда буд. Ва Даврон хост, ки бори дигар аз ӯ бо садои баландтар суол кунад, вале ҳамчунон бо садои нарм боз пурсид, зеро медонист, ки ҳоло андӯҳи хоҳараш гарон аст. Аммо ин дам Ҷаннат ба ҳарду дасташ такя дода, мисли зани обистан, базӯр аз болои намад бархосту сандуқи кӯҳнаи модарашро кушод. Ва чун садои дари сандуқ баланд шуд, навои зангӯлаҳои гардани шӯтурҳо ба ёд расид, ки дар пушти регтеппаҳои дурдаст хомӯш шудаанд. Ин садо гузаштаҳоро дар андешаҳои Даврон тағорук кард: зеро садое буд, ки бо он ҳамеша сандуқи кӯҳнаи онҳо кушода мешуд ва дуввумин садое буд, ки Даврон бори аввал баъди овози модари хеш шунида буд. Овози модар ва ин садо шабеҳи садои расидани корвон аз дуриҳо буд...

Ва бори дигар қисми чапи паҳлӯи дилаш холигиро эҳсос кард: нигоҳаш тира шуд ва латтабандеро, ки Ҷаннат ба сӯяш ҳаво дода буд, дарҳол надид. Ӯ ба кушодани гиреҳи латтабанд шурӯъ кард ва медонист, ки он бо дастони модараш гиреҳ шудааст: гӯшаҳои рӯмолчаи лахтак ҷуҷон кашида, чунон ба тарзи махсус ва устокорона гиреҳ шуда буданд, ки танҳо худи модар чунин гиреҳ карда метавонисту халос. Ӯ инро кайҳо аз ёдаш бароварда буд ва акнун боз ба ёдаш расид, аниқтараш андешид, ки танҳо модараш чунин гиреҳ мекард ва аз ин кораш хеле хушҳол буд. Латтабандро гиреҳ ба гиреҳ кушод ва зери дасти ӯ як даста пул рехт. Аз бӯи тунди сандуқ, ки бо пулҳо омехта буд,

пешина
аз 328
навбатӣ