Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ки чи нақшҳоеро ба олами ҷовидонӣ бурдааст.

Даврон рост менишаст ва ашки чашмонаш чунон нарм-нармак мереҳт, ки худаш онро мушоҳида карда наметавонист. Ӯ нашармида мегиристу чун фарзанд дар ҳаққи модар месӯҳт. Дар он асно ӯро андешае фаро гирифт, ки гӯё касе аз нишастаҳо далерона ба рӯяш менигарист. Қадоме меандешид, ки гӯё ба ҷанозаи модар дер омадани Даврон сабабҳое низ доштааст. Ба ҳар ҳол ӯ рассом аст ва дар шаҳри азим зиндагӣ мекунад. Қадоми дигаре шояд, аз он мӯйсафедони хомӯш, андеша мекард, ки писар бояд ва дар ҳар ҳолат ӯҳдадор аст, ки аз пои тобути модари азизаш бардорад, ақалан як каф хок ба гӯри ӯ партояд... Даврон ашк меборид ва ба ҳамаи он андешаҳо розӣ буд.

Ҳамин тавр онҳо болои намад тӯлонӣ нишастанд. Офтоб то домани уфуқ расид. Сояи дарахтон дароз мешуданд. Аз теғаҳои кӯҳ насими тоза мевазид. Мӯйсафедон аз паси ҳамдигар ғайб заданд. Ва оқибат танҳо мӯйсафеди аз ҳама пири деҳа монд.

Даврон низ ӯро дар тӯли ҳаёташ се-чор бор дида буд ва медонист, ки ӯ окои Ҷонмамад, бародари бузурги модараш — тагояш мебошад. Ӯ умри зиёде дида буд ва нишони солҳо гӯё дар умраш санг баста буданд, ки бо қомати росту лабони хомӯш, мисли санг, соатҳои дароз менишаст. Маълум буд, ки ӯ Давронро нашинохт ва танҳо бо ҳаракатҳои сабуки ангуштон донаҳои тасбеҳи чун худаш солхӯрдаро мешуморид. Даврон гумон кард, ки шояд окои Ҷонмамад бо касофати пиронсолӣ аз гуфтор низ монда аст... Зеро, ки акнун панҷ-шаш донаи мӯҳраро мешумориду боз аз дигар ба ҳисоб фурӯ мерафт. Ё шояд андешаҳои окои Ҷонмамад чунон дур рафта буданд, ки расидани Даврон то онҳо коре буд муҳол.

Вақте ки пардаи торикии атрофро саросар фаро гирифт, Даврон аз ҷой бархост ва дохили хона шуд. Он ҷо — Ҷаннат — хоҳараш танҳо менишаст. Онҳо аз ду ҷониби бухорӣ муддате хомӯш нишастанд. Ин бухорӣ, ки ба гармои тобистон нигоҳ накарда, дар хона буд, хоҳару бародарро натанҳо ҷисман, балки аз чизи бузурги рӯҳне, ки то ҳол Даврон намедонист, вале акнун огоҳ шуда буд, ҷудо мекард. Ба гумонаш тобистон ҳам оташи онро гирондан лозим меомад, чунон ки модар то дами марг муштоқи гармӣ буд. Аммо дар ин хусус аз хоҳараш пурсиданро раво надоид.

пешина
аз 328
навбатӣ