Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
тасвир аз вазни он ба як сӯ бор мегирифт ва агар танҳо кадом қисмате аз онро дигар мекард, ба хатое маҳз роҳ доданаш мумкин буд.
Дар тасвир сояи як дарахти қаҷе пайдо шуда буд, ки гӯё ҳамин замон меафтид. Ин ба Даврон чандон хуш наомад. Фаришта бошад бо ин ҳама азони ӯ буд. Охири охирон баъди дудилагиҳои зиёд ӯ хушаи Парвинро аз ҷониби дигари тифл ҷой дод. Акнун тифл ба ситораҳо менигаристу ситораҳо ба тифл. Вале миёни ин нигоҳҳо—нигоҳи ҷовидонии тифл ба Модар ҷой дошт. Не, тасвир хеле хуб қаламдод шуда буд. Ва се-чор соле, ки ӯ сарфи ин намоишгоҳ карда буд, солҳои бобарори умраш буданд. Танҳо бо ҳамин як мусаввара.
Ӯ ҳӯнуз ҳам гирди мусаввара рафтуо дошт ва ҷоеро меҷӯст, ки барои тамошо кулай бошад. Гоҳо аз рӯи қаноатмандӣ ангушташро бар вай расонда бо овози паст вале андешамандона бо худ ҳарчӣ мегуфт. Дар ҳамин асно марди хушрагу пайванд ва начандон қомат-баланду ришдори ҷавон мӯзаҳои ғичимкардаи кемухт дар по пешаш омад.
— Даврон,— мард аз зери багалаш гирифта ӯро ба гӯшае бурду оромона сӯяш рӯ овард.— Ту ором бош... безобита нашав, хуб? Ӯ як оҳ кашиду суханашро идома дод:— Ҳозиракак ба мо занг заданд, занг заданд-у гуфтанд... Модарат гузаштааст... Ӯ, чӣ бемор буд? Хайр ту ором бош, рафтем, рафтем... Ягон ҷо мешинем...
Ӯ дилпурона Давронро аз пеши мусаввараи толор ба сӯе бурд. Баногоҳ эҳсоси ноаёне вуҷуди Давронро фаро гирифт, ки аз одат берун буд: чунон ки дар мусаввара хушаи Парвини ӯ ба замин наздик буд; пештар ин наздикӣ ба чашм намехӯрд, наздикие ки шартан мумкин буд, аммо ҳоло бубин-а...
Харчанд Даврон ба деҳаи азизаш зуд расида омад, модарашро қайҳо ба хок супорида, одамон пароканда шуда буданд ва дар хона ба ҷуз ақрабояш касе намон-да буд. Навҳаи мотам, ки кадре ором шуда буд, бо ра-сидани Даврон аз дигар боло гирифт. Бо ҳавои ин нав-ҳа, Даврон сарашро ба рӯи синааш ҳам карда, болои кат, паҳлӯи мӯйсафедон нишаст. Мӯйсафедон дар сояи дарахти сада хомӯш менишастанд. Даврон низ аз бари онҳо гузашт ва эшон каме ҷафс шуда ӯро паҳлӯи хеш ҷой доданду бо қомати рост хомӯш бинишастанд. Хо-мӯшии пазируфтани мӯйсафедонро Даврон хуб медонист. Танҳо токати пазируфтани чунон хомӯширо биёбон дорад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо