Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале бар замми ин ҳама боз ниҳоди ӯро ҳисси андӯҳе дарҳам мекашид — андӯҳе ба ёди модари азизаш. Гузашти солҳоро дар хеш эҳсос мекард ва медонист, ки шахси аз ҳама азизу меҳрубонаш пиру бемор мешавад. Аммо.. Аммо ин андешаҳо андаке маъюсаш медоштанд. Ба ёд меовард, ки дар тӯли солҳо модари азизашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардааст, барои ӯ сари ҳар моҳ пул мефиристоду рӯзҳои ҷашн бо номаҳои муборакбодӣ хотирашро шод мекард. Ҳатто дар он солҳо, ки ӯро ороиши тахтаҳои фахрии ташкилотҳои гуногун ва наққошии даруни хонаҳо муяссар мешуд, боз шабона аз вагонҳо бор мефурӯвард, то ки ба санъати бузург роҳ ёбад — дар он рӯзҳои мушкил ҳам Даврон модарашро аз ёд намебурд. Бале, ӯ аз он ёроне нест, ки фирефтаи бесарусомониҳо шуда модарони хешро аз касофати баҳсҳои беҳослу орӣ аз рангу равиши маърифат фаромӯш карданд. Не, Даврон аз ин бобат хешро беҳуда сарзаниш мекард. Вале бо вуҷуди ин ҳангоме ки бевақтиҳои шаб то хона, андешаманд бармегашт, кори нобасомоне ба хотираш мерасид, ки дар офариниши он модараш саҳми беандоза дошт. Ӯ ҳамон модаре буд, ки Давронро натанҳо хӯрондаву пӯшонда, балки бо таронаву афсонаҳои дилрабояш дар тимсоли ӯ рассоме офарида буд, ки барои тамошои осораш сол то сол мардуми зиёде меомаданд.

Ва ин қарзи фарзандии рассом тайи солҳо меафзуду нерӯ мегирифт. Акнун ки синнаш чиҳилро убур мекард, баногоҳ дар хаёлаш андешае рӯ зад ва рӯзе ба тасвири он пардохт. Ӯ қариб саросема нашуда кор мекард — ҷузъҳоро ҷамъ оварда, ҳатто бесифаташро ҳам аз дигар ороиш медод. Бисёр вақтҳо дар болои ин мусаввараҳо андеша мекард ва баъди моҳу солҳо аз дигар ба онҳо рӯ меовард.

Шабҳо ҳанӯз мусаффо буданд. Шабҳои тирамоҳ. Ҳангоме ки хӯшаи Парвин шуоъҳои ҳаловатборашро болои сар мепошиду ниҳоди одамро ба баракати он ҳама хушиҳои дунё фаро мегирад, кас мехоҳад, ки дар ин олами ҳастӣ ҳамаро хушбахт дарёбад. Ҳатто ноошноёнро ҳам. Даврон чунон машғули кор буд, ки хастагиро ҳаргиз эҳсос намекард.

Ҳатто, ҳангоми нопайдо будани галаситораи маҳбубаш Даврон, дар ин шабҳои равшанзамир, шуои ситораҳои камнурро ҳам дар хеш эҳсос мекард. Аниқтараш дар ин лаҳзаҳои ширин ӯ чашмони ғамбору ошнои модари азизашро медид...

пешина
аз 328
навбатӣ