Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
волояш, таҳти чиҳил соли дароз пардоз дода буд. Ва ягона имкони тамошои мусаввара ҳамин буду бас.
Бори дигар пеш омада чорчӯбаи мусаввараро, ки андаке кач шуда буд, рост кард.
Фардо оғози намоиш буд. Ин оғозҳо бо гузашти солҳо, бароиш бешумор буданд, аммо изтиробе ҷонашро фарб мегирифт; гӯё ки фардо осорашро бори нахуст ба намоиш мегузошт.
Ин бор асарҳояшро тайи як муддати кӯтоҳ офарид. Ва ростӣ, гумон мекард, ки маҳз ҳамин мусаввара кори тамоми умраш бошад, аммо андешаҳои офариниши ин мусаввара тозаён дар хаёлаш бор оварда буд...
Шабҳои тобистон дар даҳани бобоияшон одамон рӯи ҳавлӣ хоб мерафтанд. Галласиторан зебо аз болои сар нурҳои дилрабояшро мефишонд, то ҳадде ки чашмони ӯ зери ин нуру он навои ширини модар пӯшида мешуданд. Ва шабҳое низ буданд, ки пораабре муддатҳо чеҳраи «Хӯшаи Парвин»-ро мепӯшонд. Аммо модар низ ҳамеша паҳлӯи Даврон буду бо дастони нармаш сари ӯро сила карда танашро бо кӯрпа гармтар мепӯшонд.
Бо ҳам будан чӣ рӯзгори хуше будааст... Ҳамеша бо ҳам будан... Гоҳо модар рӯяшро бо кӯрпа мепӯшонду гоҳо дигар хӯшаи Парвин болои сараш басе дилрабову ҷилвагар нур мепошид, ки гӯё ҳама ин зебоиҳо асрори он галласиторан зебо буданд. Модараш пайваста қиссаҳои ғариб нақл мекард, ки ба онҳо ҳам бовараш меомаду ҳам не. Ва зуд-зуд ҳангоми хоб, аз тариқи мижҷаҳои дарҳамрасидааш гоҳе галласиторан ошно ва гоҳе садои хониши духтарони дилрабо, гоҳе бародарони баҳодури савораашро дар паҳнои бекарон ва гоҳе аҷоиботи дигареро дар хаёлҳои рангинаш тасвир мекард.
Бо гузашти солҳо, Даврон сокини шаҳри калону сергавғо шуд. Омӯзишгоҳро аъло тамом карду андаке дар рассомӣ ҳам шӯҳрат ёфт. Дунёдидаву баду некро мефаҳмидагӣ шуд. Шӯълаи маҳорат дам ба дам дар ниҳодаш авҷ мегирифт. Ӯ аз муваффақияти ин бурдбориҳои дунёву худро ҳам фаромӯш мекард. Ва бумбастҳои эҷодӣ низ садди роҳаш мешуданд, ки бунёдашро ба шӯр меоварданд. Ва ҳамеша бевақтиҳои шаб, бо ҳоли хаста, ба хона бармагашту чашмонашро аранҷе кушода «ошно»-яшро ҷустуҷӯ мекард, ҳамон хӯшаи ситораҳои осмонро, ва ҷумлаи ғамҳо аз ниҳодаш дур мешуданду хастагиро фаромӯш мекард ва нафасгирияш ҳам озодтар мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо