Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
регзор морро дида тарсидаанд, гӯё мори бадхайбат будааст, ва ман ана думиларо ба даст гирифтам... Агар медонистам кор чунин ранг мегирад, аз хонаам намебаромадам....
— Хайр чӣ тур — парронди?
— Э, ҳеҷ гуна мор ҳам нест! Аз субҳ боз мегардам. Ҳатто нишонашро ҳам пайдо накардам!
Ботир хомӯш шуд.
Хомӯшии ин одами зери бори надомати шармандагӣ монда, сангин буд. Ва Мадат-ого худро гунаҳкор ҳис мекард. Ҳар гоҳ ки чунин рӯйдодҳо пеш ояд одамро дилбардориву меҳрубониву дастгирӣ мебояд. Аммо одамон баръакс механдиданд. Ҳарчанд ки Мадат-ого дар сар андешан ба ҳоли Ботир хандидан надошт, аммо пай бурд, ки Ботир аз ӯ ҳам хотире дорад, — ранҷида.
— Чаро аз кору бори ман намепурсӣ? — хомӯшона пурсид Ботир.
— Ҳа, Мадат?..
— Ҳа, чӣ хел, ки... чӣ, дигар... — бо ошуфтагие гур-гур кард Мадат-ого.
— Маълум... Ботир бо як чирагӣ тасмаи думиларо дар китфаш ба тартиб овард. — Намедонӣ аз чӣ пурсӣ!
Ӯ дубора тасмаи думилаашро рост карда чанд қадам партофт... Баъд ба қафо нигарист. Ҳоло ба думилай ман менигариву ба худ меандешӣ: «Ӯ бо ду тири худ пешонаамро нишон хоҳад кард!» Ман медонам, ҳар чӣ дар ғайби ман мегӯянд. Чӣ илоҷ. Ба дигарон ҳам агар чунин рух медод, шояд ман аз ишон бадтар ғайбат мекардам. Тақдирамон чунин будааст.
Мадат-ого аз пушти Ботир менигаристу дилашро ғуссаи талхе фишор медод. Шикорчӣ, бо сари хамида ба пеш мерафт. Ӯ хамидақомату хурдҷусса шуда буд. Бале, бори андӯҳаш гарон буд.
Мадат-ого мехост, ки акнун ба каппа баргардад, вале аз дигар ҷониби Ботир нигарист ва дар ҳамин лаҳза андешаҳоеро, ки тайи чанд рӯз озораш медоданд, аз сараш дур кард.
Мадат-ого баргашту рӯ ба рӯи деҳа бардам-бардам қадам ниҳод.
...Ҳафтае ҳам гузашт, аммо дидани Фотима ба Мадат-ого муяссар нашуд. Фотима ҳам ба кӯшиши он, ки ба чашми касе нахӯрад гоҳ-гоҳ аз хонааш мебаромаду халос...
Дафъаан гузашта Мадат-ого занеро понд, ки аз дармонгоҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо