Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
қувват дод, зеро дар гуфтаҳои ӯ ҳақиқатеро эҳсос мекард.
Майса хомӯш буд. Баъд аз рӯи ҳамдардӣ оҳе кашид:
— Чӣ хел, аз ин бадбахтӣ бечораро раҳо бояд кард.
.... Мадат-огои шалпар, чун сараш рӯи болишт гузошт, хобаш бурд. Аммо шаҳди хоби роҳатро начашида буд, ки хобҳои ҳавҷноке дид. Мадат-ого хоб дид, ки гӯё Ботир мардонро дар пеши клуб, дар баробари девор, ду қатор карда, камони думила дар дасташ пеши қатор рафтуо дорад. Мадат наметавонист, ки ба рӯи ӯ нигоҳ кунад. Пойҳои бузург, андаруни мӯзаҳои сиёҳ, назди қатор пешу қафо рафта ба дили ӯ ваҳм меандохтанд. Натанҳо ӯ, балки ҳама хомӯш буданд.
— Агар кӯдак чашмкабуд бошад, пас бояд чашмони падараш низ кабуд бошанд? — бо овози баланд мепурсид Ботир.
Ҳама хомӯш буданд. Ботир саволашро такрор мекард. Ва боз ҳам хомӯшӣ ҳукмфармо буд.
— Кабудчашмон! — дар умқи хомӯшӣ овози Ботир садо медиҳад — панҷ, қадам ба пеш!
Аъзои бадани Мадат-ого суст мешавад. Аз зери мижжаҳои фишурдааш мебинад, ки чӣ гуна Юсуф-ого, баъд Бойназари монтёр, Ҳолмати мургбон ва Қурбони оҳангар ба пеш мегузаранд. Худо дод! Мадат-ого озод нафас мегирад, аммо дар ин асно Ботир ба пеши ӯ меояду бо панҷаҳояш аз зери манаҳаш мебардорад.
— Кабуданд? Чаро қоил намешавӣ?
Мадат-ого хомӯшона ба пеш мебарояд.
— Ин панҷ, нафар мемонанд, — амр медиҳад Ботир. — Дигарон озод!
Ба пурсидан шурӯъ мекунад. Ҳеҷ кас аз панҷнафарӣ худро гунаҳкор намеҳисобад. Ботир назди Мадат-ого меояд ва куланги камонро бо ангушташ бозӣ медононад.
— Аз ту гумонбарам! Агар қоил шавӣ хуб, агар не ба пешоният тир хоҳӣ хӯрд. Зуд бош!
Мадат-ого ҳамоно хомӯш аст. Ботир ду қадам қафо меравад ва думиларо рост мекунад... Ҳамин замон аз гӯшае Фотима кӯдак дар дасташ пайдо мешавад.
— Напаррон!... додгӯён кӯдакро меафтонад ва худро пеши пойи бародараш мепартояд: — Ботир! Бародарҷонам! Напаррон ӯро! Духтаракамро ятим накун!
Мадат-ого кӯшиши дидани чашмони кӯдакро мекунад, аммо наметавонад. Танҳо садои ҷонҳарошеро мешунавад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо