Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ботир, бародари Фотимаро, ки шикорчни иттифоқи шикорчиёни ноҳия ҳисоб мешуд, ғочукиҳо чандон дӯст намедоштанд ва ӯро одами бероҳа меҳисобиданд. Ӯ худ-аш мегуфт, ки кораш дар зиндагӣ омад накардааст.

Агар дар пеш аз ҷанг ёдовар шавӣ, андӯҳ гулӯ-гираш мекард. Зеро агар Гитлер андаки дигар сабр менамуд ва заҳри лаънатияшро наменӯшид, холо дар ми-ёнҷон Ғочук ҳайкали биринчин Ботир менстод!

Ин афсонаро дар Ғочук гурӯҳе бовар мекарданду гурӯҳе не. Аммо гап дар сари ин нест. Ботир умуман марди беҳамто буд. Аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт. Кав-шу мӯза медӯхт. Дутор месохт. Соат, утӯи барқӣ ва мо-шинаҳои ҳайятиро чӯр мекард. Дар тирпарронӣ ҳамто надошт. Гоҳо шишаи нимлитраро дур монда дар гарда-наш тухмро мегузошт ва аз масофаи 50 метр тир меан-дохту тухм гард-гард мешуд, вале ба шиша осебе наме-расид. Ӯ марде буд рехта ва шофбурут. Дар деҳа аз Ботир ҳама метарсиданд.

— Мадат-ого ба гуфтаҳои занаш хуб гӯш дода, нӯги ришашро зери лаб гирифта, хомӯш буд.

— Тир хӯрдан ба пешонӣ — ҳамааш гапҳои беҳу-да... сафсатаи кӯчагӣ.

— Ман ҳам чунин мепиндорам! — розӣ шуд кампир.

— Ба ин Ботир умуман ҳайронам. Дар фронт буд ё не? Ин хэлахоро бисёр дидаем. Савори асп ба номи фронт то Чорчӯ расиданду ақиб гаштаанд. Аммо то ҳол аз худ қаҳрамон метарошанд! Ана Резан-ого асло дар ҷанг набуд, дар ҳамин наздикиҳо роҳ соз кардааст, ам-мо ду медал дорад.

Мадат-ого нохост гапи занашро бурид, аммо тоқати шунидани ноҳақӣ надошт. Аз ин рӯ гуфт:

— Лозим не, Майса. Медал дорад ё надорад, ки Бо-тир дар ҷанг буд! Мушоҳида накардай магар — ҳамеша качпаҳлӯ мезанаду зери каш болишт дорад...

Майса беихтиёр лабонашро кач кард.

— Худашро эҳтиёт мекунад, аз ин дар такяаш бо-лишт дорад.

— Не, Майса ӯ маҷрӯҳ аст, аз думбааш тир хӯрда-аст.

— Хайр! — гуфт Майса, ки муқобилатро дӯст намедошт. — Гапи дигар нест ба ҷуз думбаи ӯ? — Ва баъди андаке хомӯшӣ афзуд. Тоби дидани ин Фотимаро надорам. Бечора кам шарманда шудааст, ки...

— Ана ин гапи оқилона! — Мадат-ого сухани занашро

пешина
аз 328
навбатӣ