Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
тафси гармони рӯз пушти тарабхонаи «Елбарелы» гузашта вориди чойхона шуд.
Мӯйсафед натавонист, ки ташнагиашро ба чойи талх шиканад. Чойхонадор навакак пеши ӯ чойники чой ва ду пиёла гузошта буд, ки аз куҷое Бой-ого пайдо шуд. Бой аз Гочук понздаҳ сол қабл рафта буд ва бо тамокуфурӯшиву хирагияш шӯҳрат дошт: ба касе, ки часпад, асло ҷудо намешуд.
— Тамоку намехоҳӣ? — салом додан замон пурсид Бой, ҳарчанд хуб медонист, ки Мадат тамоку намеҷокад. Тозааш, омехта накардаам.
— Тамокуи туро чӣ кунам? — Мадат-ого аз рӯи одат пиёлаи чойро ба ҳамдеҳаи деринаш дароз кард.
— Медонам, — Бой норозиёна пиёларо гирифту чунин вонамуд кард, ки гӯё ба чой он қадар майл надорад. — Ту дар байни мо на мекашию на менӯшӣ. Инро дар омади гап гуфтам. Аммо чунон ки мебинам ман саривақт аз деҳа рафтам. Гочуки мо шарманда шуд. Албатта, ба шарте, агар одамон дурӯғ нагӯянд...
«Аҷаб коре, — ғамгин шуд Мадат-ого, — ду рӯз нагузашта, аллакай дар Марв медонанд!»
— Ана аблаҳӣ — оҳе кашиду давом дод Бой-ого. — Аз шӯяш бромад, чандин сол танҳо умр ба сар бурд, гӯё ҳеҷ гап не, ва ногоҳ ёбу гир: дар чиҳилсолагӣ тифли искотӣ. Худаш-ку шарманда, бало ба пасаш, деҳаро шарманда кард!.. Боз гочукӣ буданаш шарми касро меорад!
— Агар шарм кунӣ, ғайбат накун. Ғайбат кори занон аст.
— Мадат, нагӯ... — Боз оҳе аз дил кашид. — Охир овоза дар ҳамаи Марв аст. Ғайбат, албатта, кори занон аст, аммо асараш ба мардон мерасад. Бе мардон кӯдакон ба дунё намеоянд-ку! Ҳа-ҳа... духтар! Боз кабудчашмак!...
— Аҷаб коре — аз кай боз ин рафтуо: инсӯву он сӯ, он сӯву ин сӯ.
Мадат-ого рӯй гардонда аз болои девор айёрона ба роҳи оҳан и қатора нигарист. — Ҳама кайфиятро барҳам дод. — Ӯ бо афсус пиёларо дароз кард.
Мадат на қатораро, балки ҳамтабақашро дар назар дошт. Бой инро фаҳмид ё не, аммо майли рафтан надошт: Мадат-ого ба хулосае омад, ки ҳезаду бо чойхонадор ҳисобӣ кунад.
Чун дигар мӯйсафедони деҳ, Мадат-ого тамошои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо