Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ФОТИМА ДУХТАР ЗОИД
Зани на камтар аз чихилсолаи бешӯй, баногоҳ — ёбугир — зоид. Аз зани бешӯй тифле ба дунё омад, ки барзамми духтар буданаш чашмонаш ҳам кабӯд будаанд. Ин хабари изтиробовар худи ҳамон рӯз ҳама гирду ваноро фаро гирифт. Ёру дӯстони деҳоти ҳамсояро вар хӯрдан замон, гочукиҳо бо сари ҳам, чун гунаҳгорон хомӯш мемонданд. Занҳои Гочук аз ҳамдигар бо андӯҳи гарон мепурсиданд: «Ана, акнун духтаракро чӣ тур ба шӯ хоҳанд дод? Кӣ хостгораш хоҳад буд?»...
Бечора зани танҳо... зоид. Мисли он ки «Бузаке бузича зоид». Ба ҷуз ин пешомад дар Гочук гапи дигаре набуд. «Эҳ, агар солҳои пеш мебуд, сарашро бо доси занголуд аз тан ҷудо мекарданд!..»
Мадат-оғо, посбони боғчаи колхоз, ба бозор мерафту майнааш саршори ин андешаҳо буд. Ӯ барои Фотима на бародар буду на шавҳар ва онҳо дар ду гӯшаи ҷудогонаи деҳа умр ба сар мебурданд. Аммо фарқе надошт: Он чӣ ки бо Фотима рух дод, Мадат-оғоро низ камтар аз дигарон ба изтироб наоварда буд. Дар он субҳидам ҳанӯз пеш аз ба бозор рафтан, дар сари дастурхони ҳамроҳи кампираш аз қисмати Фотима қисса дошт. Мадат-оғо кампирашро эҳтиром мекард ва ҳама вақт ӯро аз худ боло медонист. Зеро, Майса дар мактаб кор мекард. Фаррош ҳам буд, ки фарқе надошт — ҳар рӯз бо одамони маърифатнок мусоҳиб мешуд. Вақте ки занаш мегуфт: «Тифл айбе надорад, падараш гунаҳгор аст, ки тифли бегуноҳро ятим кардааст», Мадат-оғо дарҳол ба ин гапҳо розӣ мешуд. Ба ҳар ҳол ӯ худаш чунин андеша дошт, аммо гуфтаҳои Майса ҳамеша бароиш далели раднопазир буданд...
Мӯйсафед савори хар аз канори роҳи сарак гузашта, сӯҳбати бо занаш доштаро ба гӯшаи хотир меоварду табассум мекард. Ҳангоми гусели шӯяш, Майса хост бо ӯ шӯхӣ кунад: «Хушёр бош, мӯйсафед: мабодо ки туро ба ҷавобгарӣ кашанд — мегӯянд, ки боз чашмони духтарак кабӯданд»!
Чашмони Мадат-ого воқеан кабӯд буданд, аммо чашмони ӯро чӣ нисбате буд ба чашмони он духтарак? Кампир низ инро хуб медонист, аммо каме ба ҳоли шавҳараш хандида буд.
Ӯ то дилбазан шудан сайри бозор карда ҳама чизи лозимиро харида мехост ба хона баргардад, аммо аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо