Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

боз намоён шуданд. Вале ҳар кадом дар алоҳидагӣ. Ана он мастро ӯ танҳо дарёфт, ки истифрок мекарду нолиш мекарду туф мекард. Ин ҳама бар ҷони кампир асар карду чашмонашро пӯшид. Боз ҳам пеши назараш кутти... нон... ва ҳам куттии бенонро дид... ва боз... ҳамои Байрамаки ба он куттӣ такязадаро...

Дигар бо чашмони пӯшида чизеро надод... Ӯ ҷониби нон даст дароз мекард, вале баногоҳ куттӣ ба як тараф ҳаво хӯрду нон ба тарафи дигар. Он бадмаст дар куттӣ пешпо хӯрда сахт озор кашид ва дигар ба ин пиразан умеде набаёта, бо шаттааш аввал куттӣ ва баъд нонро зад...

Баъд чӣ шуд, Олма-оҷа дар хотир надошт. Ӯ худро ба болои бадмаст ҳаво дод. Бадмаст ӯфтод ва базӯр нолише кард. Кадом зане омада кӯшиши раҳонидани мастро кард, аммо зӯраш нарасид.

— Ҳой, мардум, зудтар биёед, зудтар, меҳмонро мекушад.

Аммо пиразани охирин, ки чихил сол хомӯш буд, бо нерӯи охиринаш бадмастро зер карда, бо забони нимгирифтаҳ ҳамоно такрор ба такрор мегуфт:

— Бо Нон нашояд чунин муросо кард!... Бо Нон нашояд чунин муросо кард!... Бо Нон нашояд...!

Вакил-дароз аввалин шуда расида омад ва аз дидани худ бовар намекард.

— Ҳой, мардум, мардум, — бо шодӣ фарёд зад ӯ, — мардуми деҳаи Гочук! Пиразани мо забон баровардааст!

Ӯ бо як тамкин пиразанро ба оғӯш кашида барои аз ҷой хестанаш ёрӣ расонд. Олма-оҷа ба ин эътиборе надода нонро аз замин бардошту чанги рӯяшро пок карда боэҳтиёт ба турбааш андохт ва канор рафт.

Лангон-лангон мерафт чун ояте такрор ба такрор ба забон меовард;

— Нашояд бо Нон чунин муросо кард!... нашояд...

пешина
аз 328
навбатӣ