Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Бисёре аз ин парандаҳоро Олма-оча мешинохт. Ана он ҳафтар, ки дар як тӯғаш холи сафед, базӯр аз паҳлӯ ба паҳлӯ дигар мегардад. Маълум, ки хурда сер шудааст. Ана он чаковаки тоҷи сафеддор, ки аз пои росташ мелангад. Агар ӯ наметарсид, шояд ки Олма-оча табобаташ мекард.
Паррандаҳо дар хаёли ӯ одамонеро мемонданд, ки баҳс мекарданду барои чизе, ки ба ҳамаашон мерасад, боз ҷанҷол ҳам мекунанд... Вале бо он ҳама паррандаҳо аз одамон фарқ ҳам доранд. Зеро силоҳашон нӯҳу ҷангол буд. Аммо силоҳи одамон... Олма-оча оҳи сарде кашид.
Нону зиндагӣ дар андешаи Олма-оча он қадар созиш карда буданд, ки пиразан номи Нонро танҳо бо эҳтиром ба забон меовард. Ва дар ин «Нон» ҳама буду набуди зиндагиро эҳсос мекард. Ӯ гумон мекард, ки вожаи Нон дар хеш қаҳтсолиҳову навбатҳои бардавомро нуҳуфтааст. Бо бовариву тамкину матонату умед то фардоҳои нек. Ҳар гоҳ, ки одамон Нон доранд бими хатаре надоранд. Аммо, ҳоло... Ҳоло, ҳама парешонанд, чун мӯрчакое ки роҳи ягонаашонро гум кардаанд, яъне гумроҳанд... Муҳимаш он аст, ки Нонро аз ёдҳо бурдаанд. Нонро, ки мояи зиндагист! Ҷанг ғазаби мудҳиш аст, аммо ин аз ҷанг ҳам мудҳиштар аст. Эй, одамон, дар ёд доред! Дар ёд! Бо Нон нашоянд чунин муросо кард!
Рӯзи чоршанбе Вакил-дароз писарашро тӯй кард. Олма-оча аз ҳама пеш ба тӯй омад. Одамон ба пиразани турбабадаст эътиборе намедоданд. Балки худи Олма-оча ҳам ба касе эътиборе намедод, ва дар гӯшае танҳо меистод.
Марди миёнсоле, костюми зебо дар тан, аз хона баромад. Олма-оча онро бори аввал дар даҳани Гочӯк медид. Сахт мекаланид ва зери лаб вожаҳое мегуфт номафҳум. Ӯ аз гӯшаи хона гузашт, вале ҳамоно Олма-оча аз пушташ назорат мекард.
Дар гӯшаи хона қуттие меистод, ки нон дошт. Кадоме раҳгузар нононро болои қӯттӣ гузошта фаромӯш кардааст. Тӯйку нонаш фаровон аст. Аммо ҳоло ин бадмастро бинед. Танашро ба девори хона такя дода, мекалавиду бо худ чизе мегуфт... туф мекард... вале дар паҳлӯяш, болои қуттӣ, нон меистод... Пас, оё нононро аз ифлосиҳои он мард метавон шуст!
Аз ғазаб лаҳзае пеши чашмони Олма-оча торик мешуданд. Дигар чизеро намедид. Маст... қуттӣ... нон... Ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо