Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хел бошад, хуб гуфт Орзу-апа, — ман бошам, тарсидам, ки боз ӯ Олма-очаро табобат мекунад. Зеро агар одамеро, ки чиҳил сол ҳарфе намегӯяду ба гап задан маҷбур кунед, мумкин аст дилаш кафад.

Бист сол қабл аз ин, Олма-оча бо сатилҳо аз лаби рӯд лойи сурх оварда дар зери панҷараи хона суфачае сохт. Ӯ ҳамеша онро бо лойи тоза андова мекард ва чунин ба назар менамуд, ки дар он ҳатто гарде ҳам нанишастааст. Ҳеле озодаву ҳамвор буд ва ранги сурхи дилкаш дошт. Ана дар болои суфача Олма-оча, нони ҳаррӯза бо турба ҷамъкардаашро мегузошт. Ӯ ин бор ҳам чунин кард: ба нонрезаҳои дирӯза низ имрӯзаашро зам кард. Пас паҳлӯи суфача омада нишаст. Мӯрчаро нозора мекард: дар ду қатори бешумор, вале соҳибихтиёр ҷониби нонрезаҳо меомаданд. Оҳ, чӣ падидаҳои доноянд — мӯрчаҳо! Ӯ ҳазору як бор онҳоро дида буд ва аз ин ҳайрон намешуд. — Одамон аз онҳо ҳама чизеро бояд биёмӯзанд. То пеши суфача нонреза мӯрчаҳо дар ду қатор меомаданд: Яке зарду яке сиёҳ. Ин манзараро Олма-оча дер боз тамошо мекард, аммо онҳо фаҳмида наметавонист, ки чаро дар як замини доманфароҳ мӯрчаҳо танҳо бо як роҳи чун мӯй борик рафтуо мекунан-ду халос. Ба ҳамдигар бар намехӯранд ва якдигарро ғорат намекунанд.

Тамошои мӯрчаҳо ӯро писанд омада буд. Олма-оча, бо сари ҳам, ба ин манзара менигаристу чашмонаш гар-ки об мешуданд, дунё дигар дар нигоҳи пуробаш фурӯ мерафт... Қатори бешумори мӯрчаҳо ба қатори бешумори одамон бадал мешуд... Одамони гурусна, ки онҳоро дар хона кӯдакони гурусна интизор буданд...

Боз як бори дигар дар ин рӯз, Олма-оча мо худро дар навбати нон дид. Аммо ин навбат барои ӯ ҳеҷ поён надошт. Олма-оча бо тоқату бурдборӣ меистод. Зеро дар деҳаи Гочук, болои боми оғил ба қуттии кӯҳна тақя дода, Байрамаки кӯчак менишаст ва бори охир интизори омадани момаашро бо турбаи нон, бар душ дошт. Худоё, ин гушнагӣ кай поён меёбад! — сар ҷунбонд Олма-очаи пир. Одамони бадбахт! Магар онҳо барои навбатҳои беохири нон офарида шудаанд?! Оҳ, кӣ шуморо чунин бадбахт кардааст?...

Хоби Олма-оча аз дидагонаш фирор карду аз болои суфача базӯр хеста дохили хона шуд ва дар ҷони пеш-тарааш, паҳлӯи панҷара, нишаст.

Паррандаҳо парзанӣ болои суфача нишастанд.

пешина
аз 328
навбатӣ