Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

макон доштанд. Дар чашмони калон-калон кушодаи бебарқаш рамзи андӯҳи пеш аз маргаш бо кадом дарде тоқатфарозову азоби алим ҳувайдо буд. Аз пушти саг хати роҳе нақш баста буд. Маълум буд, ки ӯ мағлубиятро қабул надошт, вақте ки рагу пайванди афгораш аз кор монданд, нерӯяш дар роҳи дарозу ношинос сарф шуда буд, аммо маҳрази мақсад дар паҳлӯяш буд. Ӯ шикаммол пеш рафта, бо навбат дастонашро пеш ёзонда болои гарди биёбон марҷонаҳои хуни лаълбастаашро гузошта буд. Не, ӯ маргро намепазируфт, ҳангоме ки паҳлӯи биёбони азизаш, бо азобу шодии душинаш буд; ҳангоме ки боди нарми биёбон бо ҳама азобу шодии субҳу шомаш оғуш гирифта шуд.

Дили Махтумро ғусса дарҳам фишурд, ки нафасгир шуду ҳаяҷоне гулӯгираш кард ва чашмонаш шаб заданд.

— Ман ба ӯ гуфтам-ку, хӯрдан лозим, аммо ӯ бошад... - гуфт Махтум ба ронандаи дар паҳлӯяш истода.

— Мебинӣ, ки андаке қувваташ нарасидааст...

ПИРАЗАНИ ОХИРИН

Занги охирин садо доду ғавғои хурсандии саросари дабистонро фаро гирифт ва ин ғавғо аз дохил сар зада то кӯчаҳои наздики деҳа расид. Пас дабистон ором шуд...

Ҷавонмарди анбондаст — намояндаи маорифи ноҳия, ки дар роҳрав интизори омадани мудири мактаб буд, оҳи сабуке кашид. Ӯ як лаҳза дабистони хешро, ки шабеҳи ин дабистон буд, бо муаллимонаш ва он лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи донишандӯзиро ба ёд овард. Ин ҷо диққати ӯро зани аҷибе ба худ моил кард. Ӯ, албатта солхӯрда буд, аммо нигоҳаш нишонае аз пирӣ надошт ва бо ҳаракати чакконе зуд-зуд ба синфхонаҳо даромада садои даричаҳои курсӣҳоро баланд мекард.

Валвалаи аҷиби бачагию ҷавоннии пуршӯри душинро ҳанӯз ҳам бо хеш дошт ин кампир.

Ҷавонмарди намояндаи маориф, ки беихтиёр ӯро наззора мекард, ба синфхона нигарист. Кампир миёни қаторҳоро убур карда, ҷузвдони ҳама курсиҳоро аз назар мегузаронд. Ва ҳама нонрезаҳои нимхӯрдаи хонандагонро дар турбаи кӯҳнае, ки бо худ дошт, меандохт.

Мудири мактаб омада ба дохили синфхона нигарист у оҳ кашид.

пешина
аз 328
навбатӣ