Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷавоб дод ӯ. — Занак, меҳмононро қабул кун, ҳарчӣ, ки дорӣ пеш гузор, хуб гурусна ҳам шудем.

Аз меҳмонон пинҳон кардани ҳолаташ, барои Маҳтум, гаронӣ мекард, оҳ чунон гаронӣ мекард, ки... аммо одам чӣ ҳам метавонад кард? Одати туркманон чунин аст: Бигзор ки аз зери пӯстат ғурба ҷангол занад, аммо ту тоб овар, меҳмононро аз рӯи одоб пазирой кун. Меҳмон бояд розӣ бошад, зеро ба бадбахтии ту ӯ гунаҳкор нест. Ин шабнишинӣ ба ҷони Маҳтум хеле алам овард, инро танҳо бо он пай бурдан мумкин буд, ки баъди гусели меҳмонӣ ӯ чун пири фартут, болои бистар, уфтоду дарзамон хобаш бурд.

Аммо ӯ дар хобаш ҳам ором надошт. Шаб то рӯз пайваста батамом як хобро медид: «Аждар ба сари куш рафтааст ва чӯпони ҷавон бо асо нишонашро тоза мекунад. Саг худро ба як тараф меафканд ва боз бо газабе асои қаҷи чӯпон ҳуштакзанон аз болои сараш мегузарад». Маҳтум ғарқи обу арақ бедор шуд, аз дигар хоб карду боз ҳамон хобзӯро дид...

Субҳидам, ӯ бо чашмони варамзадаи сурху иссерам аз хоб бархост, ва савори мошин аз универмаг, ҷониби биёбон шитофт. То сари куш қариб даҳ фарсах монда буд, ки ӯ бо ронандааш маҷбур шуд мошинро нигоҳ дорад. Дар миёни роҳ саги зарде мехобид. Маҳтум Аҷдарро дарҳол шинохт. Саг, панҷаҳояшро ба замин пахш карда, думи серпашмашро беҳаракат ба сӯе партофта, сари пешонаи паҳнашро ҷониби теппачаҳои реги, ки аз пушташ оҳрамои азизи ӯро паноҳ додаанд, гардонда мехобид.

Маҳтум аз мошин фуромаду дар ҷояш шах шуд. Аз тарафи биёбон боди фораме мевазид. Ҳангоми аввалин рӯнамои хуршед буд. Ягон-ягон буттаҳои ушна рӯи теппааҷон рег то осмони хокистарӣ субҳидам нақш-офаринӣ мекарданд. Биёбони атроф, ки аз шӯри гулшукӯфихон баҳор муаттар шуда буд, ором нафас мегирифт ва оҳиста-оҳиста бедор мешуд. Ҳавои чун оби чашмасорон булӯрину мусаффо бо тозагии дилрабое ба кас ҳаловат мебахшид. Атрофро пайки зиндагӣ фаро гирифта буд. Маргро ин ҷо тавони иқомат намонда буд ва ба буданаш ҳам бовари кас намеомад, аммо бо он ҳама боз болои роҳи серчангу ғубор, паҳлӯи онҳо буд.

Даҳони сердандони Аҷдар бо ашкдандонҳои ханҷармонандаш, ки нирӯяшонро гурғҳое дар пӯсти хеш санҷида буданд, хушкида, ва дар он қайҳо пашшаҳои сабз

пешина
аз 328
навбатӣ