Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ки Байтиро, ин таърифии бадбахт, мудири магазини оддии хӯрокиро шарманда кунанд. Танҳо онҳо метавонистанд масъалаи норозигии мудири универмагу мудири магазини хӯрокаро ҳал кунанд, танҳо онҳо ба ин ҳуқуқ доштанду халос. Махтум бо ин ҳама боз ягон сухани андешакардаашро баён накард, зеро чунин меҳисобид, ки соҳибхона бояд камгап бошад, ки обрӯяш дар хомӯшист.

Вақте ки нимарӯз, Махтум ба назди хонаҷаи саг омад, Аҷдар, гӯё мақсади соҳиби навашро пай бурда бошад, баногоҳ болои поҳои нерӯмандаш, ҳарчанд ки лоғар шуда буданд, рост шуд ва ба тамоми қудрат гарду баданашро таконд. Дар қаҳри чашмони ба шӯромадааш — Махтум метавонад ба ин қасам ёд кунад — андешаҳои як инсони хокиро пай бурдан мумкин буд, ки дар онҳо ҳанӯз ҳам барқи кадом умеди номаълуме шӯъла мезад.

Чаро? Махтумро вақти ҳалли чунин муаммо набуд, ва Худо медонист, ки ӯ барои чунин андеша вақташро сарф мекард ё не? Ҳама чизро ба тарзи худаш мефаҳмид.
Пас ҳарфҳои некеро ба забон овард, ки маънои ваъдаҳои зиёдеро бар дигаргунии алоқаи зиёди онҳо медод.

— Дидӣ, дар охир фаҳмидӣ, ки ман дӯсти туам? — гуфт ӯ аз таҳи дарвоза. — Кош барвақттар инро пай мебурди!
Ҳавлии ман ҳазор бор аз ҳамон биёбони серчангу ғубор беҳтар аст. Он ҷо гармо тоқатфарсост, ин ҷо бошад ҳавои дилкаш, ҷӯбораш ҳамеша ҷорист. Ту ин ҷо ҳамеша шикамат сер; гӯшту равғану шири тоза, умуман ҳар чизе, ки хоҳӣ аз дигар ҷо бароит намекашонанд. Офарин, Аҷдар, ман ба ту умед доштам, боварат мекардам ва ҳар нохӯшие ки миёнамон буд он аз ранҷи ту буд, на аз он, ки ман марди бадҷаҳл будам. Бигузор Байтӣ туро бинад, бигузор ӯ аз гуфтаҳояш шарм кунад... бар ман дигар аз ту чизе лозим нест...

Бо табъи болидаву хотири шод, зери бинии ҳама меҳмонон, бо аломати салом ҳам шуда, Махтум аз пеши ҳамаи онҳое, ки дар он шаби фаромӯшнашаванда меҳмони мудири мағозаи хӯрока буданд, гузашта ва онҳоро ба ҳавлии хеш, ки он ҷо ишонро зиёфати чашӣ ба муносибати, интизор буд, даъват кард. Балки дар охир, Махтум бо хотири парешон ишора кард, ки гӯё кадом як ҷашни оилавиашон бошад...

Махтум аз ҳалқаи издиҳоми серғавғо ба хонааш баргашту дари хонаҷаи сагро калон кушод ва ... ӯ акнун
худаш фаҳмида наметавонист, ки чаро маҳз аввалин

пешина
аз 328
навбатӣ