Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳақиқат аст ва ба пастӣ мегирояду дар назар хандаовар мегардад, метавонад ки кас дилсард бошад. Шояд чунин ҳолат ба дигарон рӯҳ диҳад, аммо Махтум аз он қабили одамон нест. Рӯзҳое гузаштанд, вале ӯ он пешомади хонаи Байтиро аз ёдаш набурда буд, дар андешааш танҳо ҳамон фикр буду халос. Ҳатто лаҳзаҳое фаро мерасиданд, ки ӯ барои ҳосили мақсадаш кори асосиашро мепартофт, балки то сарҳади ҷиноят даст меёзонид. Мағозин-ку кори давлат аст! Аммо чӣ... хушбахтона... Махтум баногоҳ Аҷдарро ба гӯшан ёдаш овард.

Як тобистон, савораи автолавка, ба ноҳияҳо рафт, то худаш аз хоҳиши дили харидорон огоҳ шавад. Охирҳои ҳафта то худи регистон, то чарогоҳҳои дурдасте, ки он ҷо рамаи колхоз чарогоҳ буд, расиданд. Баъди харидуфурӯши рӯзона онҳо шабро дар сари кӯши чӯпони пир, Гелди гузарониданд. Ана дар ҳамон ҷо Махтум Аҷдарро дида буд. Саги азиму зебо, каме дуртар аз гулхан, паҳлу хобида бо чашмони калон-калону донояш сӯи одамони ношинос менигарист. Пашми баданаш дар шӯълаи гулхан чун марворид ҷило медод ва оташ дар мардумаки чашмонаш барқ мезад. Синаи азимаш шаҳодати паҳлавонияш буд, ва сараш деги палавпазиро мемонад.

— Бой, сагатро чӣ ном мебаранд? — пурсид Махтум аз чӯпони пир, ки дар табақи сафолин хамир мекард. — Баҳояш чанд аст?

— Аҷдар дӯсти ман аст, магар дӯст ҳам баҳо дорад? — ҷавоб дод Гелди ва бо ҳайронӣ ҷониби шахси паҳлӯи гулхан нишаста нигарист, ки ӯро дар сари кӯши худ бори аввалаш медид.

— Ту барои ӯ ҳамеша хамири алоҳида мекунӣ?

— Хайр чӣ? Ноне, ки барои худам тайёр мекунам дар он намакро омехта мекунам, аммо барои Аҷдар не. — Аз намақ хароб шудани биниши чашмонаш ҳам мумкин аст.

— Магар дар рама гӯшт кам аст, ки барои саги вафодорат дареғ медорӣ, — бо тамасхур гуфт Махтум.

Чӯпони пир ғамгин шуд, бо меҳри меҳмоннавозӣ чеҳраашро тарк гуфт. Меҳмон худро хеле ноаҳл нишон дод ва чӯпони пирро бо ин суханонаш озор ҳам дод. Гелди, бо он ҳама солхӯрдагӣ, хеле пири доно буд. Оини ниёгонро хуб риоя мекард, ки дар худ як ғурури мардиро бедор карда, чун пештара, бо хотири ором меҳмоннавоз

пешина
аз 328
навбатӣ