Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲИКОЯҲО

БОДИ ФОРАМИ БИЁБОН

Рӯзи панҷум буд, ки Аҷдарро дар халта андохта ба ҳавлии Махтум оварданд. Тамоми ин вақт саг ба тарафи косаи пури гӯшти пухта, ки бо хамиру об омехта шуда буд ва болои хок меистод, нигоҳе ҳам намекард. Шаборӯзиҳои дароз беҳаракат, дар назди хоначаи хиштин, зери боми тахтагие, ки соҳиби наваш бо дастони худ сохта буд, сари паҳнпешоиаашро болои пойҳояш гузошта, шикамнокӣ мехобид ва нигоҳи ғамборашро ҳаргиз аз дарвозаи пӯшида намеканд. Шарораи нигоҳаш рӯз то рӯз гӯё ки хомӯш мешуд.

Аз ҳамон рӯзе, ки Аҷдар бори аввал дар ҳавлии ба худаш ношинос пайдо шуд, пашми зарду дарози тафсаш, ки пештар аз он шуои абрешимин меборид, акнун парешону чиркин буд ва тика-тика ба ҳар сӯ мерехту аз зери онҳо, дар ду паҳлӯи шикамаш, қабурғаҳо намоён мешуданд. Пойҳои нирӯмандаш хеле лоғар шуда, нохунҳои гирояшро зер карда, гӯшҳои калон-калону серпашмаш дигар чавндои хамида буданд. Хулоса, посбони бехоби рамаи гӯсфандон, аҷали гургон, озодидӯсти ашаддии биёбон, боварии қонунии ҳама чӯпонони атроф, хеле фартут шуда, ва гӯё ҳама азамати гузаштаашро аз даст дода буд.

Сурати бечораву бемори саг наметавонист, ки ҳатто то дили сангини Махтум асар накунад ва он рӯзи якшанбе аз хона ба ҳавлӣ баромад, то ки ба ӯ «дарси ибрат» омӯзад.

— То кай боз чунин якравиатро нишон хоҳӣ дод,— метавонӣ инро ба ман фаҳмонӣ, ё не? — ба андӯҳ мегуфт ӯ, аз ҷуссаи лоғари саг нигоҳашро наканда.— Ба ту чӣ намерасад, наход ки ҳавлии ман аз биёбони серчангу ғубори ту беҳтар набошад? Чаро намехурӣ... чаро наменушӣ? Ман бароят оби мусаффо мерезам, наход

пешина
аз 328
навбатӣ