Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
дар ҳаққи ӯ некӣ карда буд, посухи ба ҳамин монанда диҳад: самимӣ, аз сидқи дил, лекин буғз гулӯяшро фишор дод, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ӯ аз пуле ки ба ивази вай доданд, аз ҳамаи азобу таҳқири басарбурдааш фаромӯш кард. Ӯ ҳамон одамонро дид, ки чаҳордаҳ моҳ пеш ҳангоми ба ин ҷо овардан ӯро иҳота карда буданд. Ҳамон кӯҳансолоне, ки ба асоҳо такя доштанд, ҳамон йигитҳо ва заноиро бо кӯдакҳояшон, ки тайи ин вақт калонтар шуда, дар дасти модарон не, балки аз домони онҳо медоштанд. Одамон ҳамон одамони пешина буданд, балки баъзеи онҳо ҳам набуданд, дар чашмони онҳо ғусса ҳувайдо буд. Ва билохир худи Блоквил ҳам дар тӯли ин сол қатъиян тағйир ёфт. Моҳиятан ӯ тамоман одами дигар шуда буд.
Ҳама истода ба ӯ табассум мекарданд. Блоквил ҳеҷ аз ҷояш ҷунбида наметавонист. Дар ин вақт писараке аз издиҳом баромада, ба ӯ чизеро дароз кард. Блоквил онро гирифт, нигоҳ кард ва бо табассуми хузнангез баргардонд: «Бигузор ин ба ту, писарак, барои хотири аз «мулло Фарангӣ» монад!» Он тугмаи ялаққосӣ аз камзули озодаи ӯ буд, ки нахустин бор вақти дар ин ҷо пайдо шудан дар танаш буд. Аз он дам чӣ қадар вақти тӯлоние паси сар шуд! Канӣ худи он камзул! Қайҳо нест шуда ва ҳамроҳаш тамоми он чӣ ки аз шӯҳратпарастӣ, пастфитратӣ, ботилӣ дарак медоданд, ғайб зада буданд.
Ба ҷои хатима
Вақте ки корвони на он қадар калону сабукбор, ки аз ҳафт-ҳашт уштур иборат буд, аз назди қишлоқи матруке мегузашт, мулло Фарангӣ аз зин ҷаҳида, ба тарафи ҷоҳ давид. Ӯ аз назди деворҳои чӯбини хароб қадаме гузошта, ба он ҷо равон шуд, ки чанде пеш ду хонача меистод ва рӯди зиндагии одамон ҷараён дошт. Вале мана он рӯд хушкида буд. Дар пеши ӯ танҳо изи сарди тарим ва оташдоне ки дигар абадан фурӯзон нахоҳад гашт, ба назар мерасиданд. Мулло Фарангӣ кулоҳашро аз сар гирифт, мӯҳои нуқрагунаш мавҷзанон ба рӯяш рехтанд. Дар пеши назари одаме, ки ба ватанаш бозмегашт Симони чӯпони пири меҳрубон, Иламани дар дасташ қайчӣ, Огулчерени ҷавони таҳқиршуда, шавҳари аз бадбахтӣ ҷонсупурдаи ӯ чун зиндагон пайдо гардиданд. Аз чашмони осмониранги фаронсавӣ Гулибеф де Блоквил ду қатраи калони ашк ҷудо шуда, рӯи ин замини хушку кӯлфатдида афтиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо