Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

миллӣ, аз ҳамон устохона, хонаи соҳили баҳрро ба вуҷуд меовард — ҳамаи ин бо инкоркунии ҳамагона умумияте надошт. Ҳамчунин, дар ин биёбони сурҳчаранг, ки ҳама гуна азниятдидагон бо қалбҳои наҷиб мисли ӯ зиндагӣ доранд, мафҳумоте аз қабили «комронӣ», «мавқеъ» қурбе надоранд. Агар ӯ имрӯз аз ягон чиз даст кашад ҳам ягонагӣ ба хотири сарвати имрӯзаи ӯ, ба хотири ҳифзи дастовардҳо танҳо ин чаҳордаҳ моҳи ғайриоддии асирӣ мебошад. Танҳо моҳҳое, ки ин қадар тез сипарӣ гаштанд!

4 декабри соли 1861 рӯзи охирини дар асирӣ будани Гулибеф де Блоквили фаронсавӣ буд.

Бердимурод ҳангоми хайрухуш зиёфат орост, чеҳраи базеби ӯ ғамгин буд. Вале сабаби ин пул набуд — ӯ ба ивази асир аз намояндаи Хуросон — Юсуфхон ҳамагӣ 1864 туман, яъне хеле камтар аз он миқдоре, ки умед дошт, гирифт — не, сабаби маҳзунии ӯ пул набуд. Бердимурод худаш ноаён ба «мулло Фарангӣ» унс гирифта буд ва гарчанде чун пештара худро ҷиддӣ нигоҳ медошт, аз ҷудоӣ бо ӯ афсӯс мехӯрд. Сокинони дигари авул баръакс, дар шӯр буданд, дасти «мулло Фарангӣ»-ро гарм мефурӯштанд, хоҳиш мекарданд фаромӯшашон накунад, хоҳиш мекарданд, агар ранҷише гузашта бошад, бубахшад.

Охирин шуда, барои видоъкунӣ Муҳаммадаваз-полвон омад: дастонашро ба китфони Блоквил гузошт ва рост ба чашмони ӯ нигариста, гуфт:

— Вазнини буданд рӯзҳое, ки ту байни мо гузарондӣ, мулло Фарангӣ. Ҳамин хел буд. Лекин худат фикр бикун, Мо бояд бо асирони худ ҷиддитар мебудем. Мо метавонистем туро ба ягон бегонае фурӯшем. Шояд одаме, ки туро аз мо мехарид, нисбат ба мо бо ту боз ҳам сахттар муносибат мекард. Аз он ки мо одамони камбағалем, ту ҳам маҷбур будӣ дасткӯтоҳӣ бикашӣ. Ту ҳақ набудӣ, вақте ки назди мо сирри дили худро накушодӣ, ба мо бовар накардӣ... Хайр, биё, акнун, агар мо якдигарро ранҷонда бошем ҳам, барои ранҷиш ҳамдигарро бубахшем, Ту моро барои ҳамаи он чиз ки гузашт, бубахш ва мо бошем туро мебахшем. Дар бозгашт ба пеши халқи худ бигузор худо мададгорат бошад. Оллоҳ акбар!1

Блоквил хост ба Муҳаммадаваз-полвон, ки ин қадар

1 Суханҳои Муҳаммадаваз-полвони ҳангоми гусел кардани франсуз аз маҷалаи «Всемирный путешественник», соли 1867, ҷ. 2, саҳ. 43, айнан гирифта шудаанд.

пешина
аз 328
навбатӣ