Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ботини ӯ рӯз аз рӯз рӯшантар мешуд. Не, худ ба худ мондану баргардондани мутобиқоти аз дастрафта осон набуд. Ӯ чӣ қадар вақти худро дар ин аулу гирду атрофи он гузаронд, то ин меҳр ба дилаш ҷо гаштааст? Ӯ болои явшони муаттар қадам мезаду сангҳои аз таъсири офтоб тафсидаро даст-даст мекард, кӯшид, ки нафаси кӯчаки худро бо таппиши вазнини олам ҷӯр созад, кӯшид то андешаҳои кӯчаки худро аз чароғи азими ҳақиқат рӯшанӣ бахшад. Чӣ хел хурду ночиз метофтанд орзуҳои шӯҳратпарастонаи ӯ — давлатманд шудан, устохона кушодан, умри худро бо бекорин идона сипарӣ кардан! Ба сарватёбӣ аз ҳисоби бадбахтии дигарон танҳо қалби сиёҳ қодир будааст! Ӯ аз асорат, ки акнун поён меёфт, миннатдор буд: охирин қоидаҳои расмӣ ҳал шуданд. Ӯ ба одамони ин ҷо, ки беш аз як сол дар ҳалқаи онҳост ва ба вай ёрӣ додаанд, ки худро дарёбад, ба ин сарзамин сипогузор буд. Вақти ҷудоӣ наздик меомад ва беш аз пеш ба дашти ақиби аул видоъкунӣ мерафт. Он вақт аз бӯи биёбон, ҷирроси хоболуди ҳашаротҳо, хониши паррандагон моту маҳбут шуда, ӯ ба омӯзиши бузургии нопайдоканори осмони тафсон шурӯъ карда буд, оқибат он камолоти маънавӣ ва наҷибро, ки танҳо дар овони ҷавонӣ муяссар мешавад, ба даст овард, ба озодона ва чуқур нафас кашидан оғоз намуд. Ин таҳорати ақлонӣ гӯё дар табиати атроф тамоми нерӯро гирифта буд. Вақте ки фикри «дар ин ҷо абадан ба ин мардум мемонам, бахти ман ин ҷост» ба сараш меомад, на бо ирода ва на бо ақл эътироз карда наметавонист. Тамоми ҳушу ҳаёлашро гӯё ин офтоби тоқатнопазир ва шамолу бӯи явшон ба худ фирефта буд. Ӯ то ин вақт ҳаргиз чунин дилмондагию гӯшагузиниро аз худ ва аз ҳаёти гузаштааш ҳис накарда буд.

Дар айни замон далели мавҷудияти ҷисмонии ӯро мутахаййир мекард. Оре, ӯ вуҷуд дорад! Вассалом! Шарҳи иловагӣ ҳам лозим нест, танҳо тамъи марг, ки насиби ҳар кас хоҳад гашт, чун бӯи ғуборолуди явшон аз мавҷудияти худ гоҳе дарак медод. Маҳз ҳамин умумият ӯро ба ин сарзамин, бо ин мардум, ки дирӯз бегона буданду имрӯз дӯстанд, пайваст мекард. Изтироб чун сояи саҳарӣ бартараф шуда, ҷон онро қувваи инкор мегирифту рӯз қавитар мегашт.

Ин раддияи ботинӣ, ки дар ӯ пухта расида буд, даст кашидан аз ҳар гуна ҳуқуқи маданият, аслу насаб, маълумот, даст кашидан аз ҳар гуна имтиёзҳои табақавию

пешина
аз 328
навбатӣ