Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Он чӣ, ки қалби ӯ таи соли вазнин беҳтар шуд, ҷои шубҳа надошт. Вай ҳатто хушбахттар гардида буд. Гарчанде шояд ба ин бовар кардан душвор бошад. Лекин ӯ имони комил дошт, ки ҳамин хел аст. Зеро чизи аз ҳама асосиро ҳис кард: қалби одамӣ, чунончи қалби ӯ ҳам, ки ҷисми фонию нимгурусна ва дар латтапораҳо печидаи ӯро зинда медорад, шояд сарнавишти худ мабдаи ҳаётбахшро аз зинаи аз ҳама поёнии дар занҷири беохири ҳастӣ дигар накардааст. Агар ин хел набошад, пас чаро қалби ту аз дарди дигарон озор меёбад? Аз дарди он саг, тортанак, қаҷдум... Чӯпони хурдакак, ки дасташ баромада буд, азоб мекашид ва аз баҳри дарди писар дили модараш ғам мехӯрд. Чӣ хел бароят аламнок буд, вақте ки хӯҷаин ҳамсари худ Онабибиро кулоч кашида зад!

Воқеан ин тавр шуда буд: Блоквил кайҳо боз муқаррар карда буд, ки Онабибӣ тахминан дар як вақт, нимрӯзиҳо қариби соати се дар танӯр алов монда, нон намепазад. Агар дар ин вақт касе аз наздикӣ гузарад, Онабибӣ албатта, барои чашидан ба ӯ нони гарм дароз мекунад. Ин расм шудааст. Блоквил русумҳои зиёдеро аз худ карда буд ва ин ба ӯ хеле хуш омад. Аз заминкани худ, ки аз танӯр тахминан бист метр дур буд, назорат карда, Блоквил боз ним соати дигар таваккуф намуд сипас ба худ гуфт: «Вақташ расид!». Чубукро аз тамоку пур карда, саросема нашуда, тарафи танӯр рафтан гирифт, гӯё барои чубук оташ мегирифта бошад. Ва ҳамроҳи оташ ҳар дафъа пораи нагзи нони гарму сурхшуда ва хушбӯй насибаш мегашт. Туркманҳо чӣ хел русуми хуб доранд!

Русум талаб мекард, ки роҳгузар аз нон танҳо ду бурда бишканад, бигузор нимтаи нон шавад, боқимондаро бо сипогузорӣ ба кадбону баргардондан лозим буд. Лекин ин дафъа нон хеле бомазза буд ё Онабибӣ имрӯз сӯи ӯ табассуми бисёр ҳам дӯстона намуд, зеро чун пештара таллафузи туркмании ӯро тамасхур накард. Чӣ хеле ки буд, набуд Блоквил русумро фаромӯш карда, аромона сӯи заминкани худ равон шуд. Ва дар ин вақт Бердимурод баромад, маълум, ки ӯ ҳамаашро дидааст. Ӯ ба назди занаш омада, кулоч кашида ба рӯи ӯ шаппотие фуровард. Чунон зад, ки борук аз сараш парида, ба пушташ афтид. Нола дар гулӯи Блоквил дармонд, нон талх гашт... фақат ҳаминаш маълум набуд, ки шавҳар занашро барои чӣ зад? барои нон ё барои табассум? - инро муайян карда намешавад.

пешина
аз 328
навбатӣ