Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар марди зандор метавонист соҳиб шавад. Лекин аз он асосан бойҳо истифода мебурданд, ки бо хонадор кардани писарони хурдсоли худ қитъаҳои зиёди замини- ро ба ихтиёри худ медароварданд. Аз қалин зиёд додан барои келин намеҳаросиданд, зеро онҳо давлат- манданд, қитъаи иловагии замин бошад, барзиёд фон- да медиҳад. Камбағалон бошанд имконияти қалин до- дан надоштанд, онҳо то сӣ-чилсолагӣ безан мегаштанд. Аз ин мебарояд, ки бе қитъаи замин камбағалист. Оре, одамони атроф чун дар ҳама ҷо ҳаёти вазнине ба сар мебурданд. Ва ба ҳаёти инсонӣ чуқур назар афканда, Блоквил медиҳад, ки дилсардию бераҳми ҳамсафари ҳат- мини ғамхӯрнию тарахҳуманд. Ин кашфиёт тан моҳ- ҳои дарози асирӣ ба ӯ гармӣ мебахшид.

Вақт бошад мерафт. Аллакай як сол сипарӣ шуда буд. Гуфтугузор дар бораи озодкунии ӯ тӯл мекашид. Ҷои бетоқатии пурташвишро, ки аз торик будани нати- ҷаи гуфтугӯй буд, бодиққатии ботинӣ гирифт. Ӯ но- дуруст зиндагӣ кардааст, ин ба ӯ маълум буд. Аммо дар оянда бояд чӣ хел ҳаёт ба сар бубарад? Албатта, он риштаро буридан ё мисли Муҳаммадаваз-полвони оқил ба Маккаву Мадина рафта ҳоҷӣ шудан, ё... ёғ шудан, ё... дар ин ҷо абадан, бо ин одамон, ки аллакай онҳоро дӯст доштааст, мондан мумкин...

Вале аксари андешаҳои ӯ дар назди рӯшании ҳираи сиёҳчарог он қадар амиқ набуданд: бандро албатта буридани мумкин, лекин ӯ онро кушодан мехост. Аммо чӣ тавр? Бо назари пуразоб ба худ менигарист ва... барои чӣ бошад баногоҳ ҳамон саг ба ёдаш мерасад, ки Сиёҳсартип парронда буд... ва дилаш ба Сиёҳсартип ҳам месухт. Воқеан, ӯ ҳам мисли Терезаи бадбахт азобу уқубатро аз сар гузаронд. Дарду алами имрӯзаи атроф ба Блоквил наздик мешуд. Акнун каҷдумро ҳам ба таёқаш намекушт бо тарошаве гирифта, аз дар берун мекард. Вақтҳои охир бошад берун ҳам намепартояд — агар вай кор нагирад ба ӯ ҳам кордор намешаванд. Ким-чӣ хел ҳамоҳангӣ бо бегонагон, ки аз ҳар ҷониб фарёди ҷонқоҳ мекарданд, дар қалби ӯ ҷо шуда буд. Боз андешаи моҳиятан солдае таъқибаш мекард: чаро ба мамолики гуногун сафар мекард, музейҳо ӯро ба худ мекашиданд, назди ёдгориҳои нодир бо эҳтироми зиёд хомӯш мемонд, дар ҳолате, ки худи табиат ин қадар ба мо — фарзандонаш наздик асту ҳамаи он ки моро беҳтару хушбахттар карда метавонад, ато кардааст?

пешина
аз 328
навбатӣ