Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Фарагӣ» — бо оҳи шикоятомез ба ӯ нон дароз карда мегуфт ягон кадбону, — ҷӯраки гармро чашида бинед». Вақте ки Блоквил дасти Чорёри хурдакакро дуруст кард, болои сари писарак хеле нишаста, ӯро навозишкорона ба гап гирифт, то гиря накунад, ҳатто сурудакеро, ки ҳанӯз дар хурдияш модараш бароиш замзама мекард, барои кӯдак хонд ва Чорёр хандида хобаш бурд, ҳатто дардро фаромӯш кард. Ин воқеа аз назари аҳолии авули Гунор дур намонд, онҳо нисбат ба ӯ боз ҳам меҳрубонтару наздиктар гардиданд. Ва Блоквил ҳам бо забони туркманӣ аллакай қариб озодона ҳарф мезад, русуми бисёр ва ҳаёти атрофро, ки пештар ба назараш якрангу дилбазан менамуду ҳоло ба ҳама мураккабияш пеши назари ӯ аён гашта буд ва бо ҳама зиддиятҳояш фарқиятҳое дошт, ки ӯ — фарзанди қарини бомаърифати нуздаҳсола фақат мутаассир месохт.
Общинаи деҳот — авул, ки дар он Блоквил зиндагӣ мекард, асоси сохти ҷамъиятии Туркманистон дар нимаи дуюми асри XIX буд. Вале ин ҷо ҳам ҷомеа ба табақаҳо ҷудо мешуданд, ки мавқеи хеле мухталифе доштанд. Дар аввал ба назари ӯ ин ҷо ҳама якхела зиндагӣ мекунанд, лекин аз наздик назар карда дид, ки дар ин ҷо ҳам мисли Фаронса одамон ба сарватмандону камбағалон тақсим мешаванд. Табақаҳои асосӣ дар авул сето буданд. Табақаи аввала — иг; общиначиёни комилҳуқуқ, ба қавли худи туркманҳо шахсони «ҳунашон асил», на танҳо чарогоҳҳо, балки чоҳҳои об ҳам дар дасти онҳо буданд. Мақоли туркманӣ ҳаст, ки ин ҷо замин не, об ҳосил медиҳад. Ин ашхос бадавлат буданд. Мавқеи баъдиро илмишекҳо ишғол мекарданд, аслан ки ба чоряккорӣ машғул буданд ё порчаҳои хурди замин доштанд. Ин табақаи миёна буд, тахминан аз ҳамон ҳиссаи ҷомеа, ки Блоквил низ ба он тааллуқ дошт. Ва табақаи саввум — табақаи кулҳо ва грнак, ё худ ғуломону канизон буданд, ки рӯзгорашон аз рӯзгори Блоквил ҳам сиёҳтар буд.
Ин се табақаи асосӣ буд. Байни онҳо боз табақаи хурди дигар — яримҳо низ мавҷуд буд, ки аз никоҳи байни озодону ғуломон тавлид меёфтанд. Ҳолати онҳо низ нобоб буд.
Ин ҷо умуман сохти падаршоҳӣ чӣ хеле, ки хоси Шарқ аст сарбаста ва бо зулми ғуломдорӣ печида аст. Дар ин ҷо то алҳол тартиботи моликияти общинагӣ ба замину об нигоҳ дошта мешуд. Ин ҷо замини саҳмиро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо