Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, барон асир ҷавоб гӯяд, ӯро хӯронад, пӯшонад. Аз Техрон бошад ҷавоб намеомад, вақт ҳам мунтазир намешуд, тобистон ба охир расида, тирамоҳ медаромад. Бердимурод торафт ғамгин мешуд, ӯ худаш одами камгап буд, лекин холо тамоман гапзаниро бо Блоквил бас кард. Франсуз аз ӯ он қадар ҳафа набуд, зеро мефаҳмид, ки қаҳри ӯ даргузар аст, ботинан на фақат меҳрубон аст, балки баъзан ҳамсараш Онабибиро навозиш ҳам мекунад. Баъзан то дараҷаи эҳсосотӣ, ки ва миёни туркманҳо тамоман нодир аст. Охирин лаҳза Бердимурод инро вақте мушоҳида кард, ки дар хонаи ба ҳавои Муҳаммадаваз-палвон барои шунидани бахшӣ, ки бо дутор сурудҳои «Гуруғли»-ро иҷро мекард, ҷамъ шуда буданд.

Шунидани бахшӣ-сарояндаи мардумӣ — аввалин бор ба Блоквил муяссар шуда буд ва ӯ боз аз Муҳаммадаваз-палвон миннатдор буд, ки ҳамеша ӯро аз хотир намебаровард, ҳама чиро ки аз дасташ меомад, мекард, то каме ҳам бошад, ҳаёти вазинии асирро рангин намояд, то ӯ — Блоквил дар роҳи ҳақиқат ҳеҷ набошад қадами хурде гузорад.

Овози баланду гӯё дар осмонҳо шинокунандаи сароянда ва овози якнавохти ба сурудҳои беохири якранг, монандӣ дутор, Блоквилро тамоман ба худ кашид. Дар рӯи дастархон палаву табақи шӯрбо меистод, лекин касе ба хӯрок даст дароз намекард, ҳама мафтуни суруди зебои бахшӣ буданд. «Ба мардум аз ин беш чизе лозим набудааст!» — номаълум нишастагонро аз назар гузаронида, фикр кард Блоквил. Ва маҳз ҳамин вақт ӯ дид, ки байни чеҳраҳои ҷиддию шоди туркманҳо чи хел чашмони тезу бадҳашми Бердимурод тар шуданд. «Э-э, туро зиндагӣ ҳамин хел карда будааст!» — хурсандона дарёфт Блоквил, ки дилаш акнун мисли чашма тоза шуда буд.

Бердимурод чун пештара бо фарансуз гап намезад, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба саломаш посух намедод, амри худро ба воситаи дигарон мефиристод. Шояд то дараҷае яке аз сабабҳои чунин муомилаи сард худи занаш буд, ки бо Блоквил бисёр меҳрубонона муносибат мекард, баъзан фарансузи нимгуруснаро бар илова хӯроке медод. Вале охир аксари аҳолии авул бо ӯ дӯстона муносибат мекарданд. «Мулло Фарангӣ» — ҳангоми аз кӯча гузаштанаш ӯро фарёд мекарданд бачаҳо, — дар бораи Фарангӣ худ нақл бикун!» «Мулло

пешина
аз 328
навбатӣ