Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
оянда чӣ хел ҳаёт бурдан даркор фикр кардан хуш буд... Вале дар ин бегоҳӣ ба назди оташдони ӯ ногаҳон Муҳаммадаваз-полвон ташриф овард.
— Ассалому алайкум! Мулло Фарангӣ!
— Ваалайкум ассалом! Муҳаммадаваз-полвон! — ӯ аз омадани меҳмон бениҳоят шод шуд.
Онҳо вохӯрӣ карда, дар муқобили якдигар нишастанд. Блоквил аллакай кам-кам забони туркманро мефаҳмид, лекин Муҳаммадаваз-полвон барои гуфтугӯ шитоб надошт, чубукро бароварда, тамоку пур кард, Блоквил бошад оташпораеро пеш бурд, баробари ӯ худаш ҳам кашид, ба ёдаш омад, ки маҳз бо мадади Муҳаммадаваз-полвон ин чубуки ба серӣ дудхӯрда, ки ёвари кӯтоҳ кардани шабҳои ялдоаш аст, дар ӯ монд.
Блоквил интизор буд, ки Муҳаммадаваз-полвон чӣ хоҳад гуфт. Лекин вай хомӯшона тамоку кашид ва ҳайрухӯш намуда, намадпораро, ки ба ҷои дар хизмат мекард, як тарафа карда, калимае ба забон наоварда, баромада рафт. «Ин одами калонсол чаро ба ин ҷо омад? — ба фикр рафт Блоквил. — Шабакӣ зери нолаи бадкахронаи шамол роҳи пурлои дуҷакримаро тай кард, ба хотири чӣ?» Тамоку кашиданд, ба садоҳои номафҳуми шабона гӯш доданд ва мана... рафт, одами аҷоиб.
Бори дигар ӯ боз тахминан баъди як ҳафта омад. Ин дафъа ҳам бевақтии бегоҳ. Ҳарду рӯ ба рӯи ҳамдигар нишаста, хомӯшона тамоку кашиданд. Ин дафъа барои сӯҳбатро оғоз кардан Блоквил рӯзи аввали дар аули пайдо шуданашро, лаҳзаеро, ки девона чӣ хел ӯро бо мори худ тарсонда буд, ба ёд овард.
— Ӯ морро чӣ кор мекунад?
— Мор? — саросема нашуда, бозпурсид Муҳаммадаваз-полвон ва дудро аз сӯрохиҳои бинияш баровард,— мор мор аст...— ва дуру дароз хомӯш монд. Блоквил гумон кард, ки посух намегирад, лекин Муҳаммадаваз-полвон давом дод: — Дар мо — туркманҳо ҳамагӣ дусад ном аст, аз морҳо бошад ҳазорто ва ҳар мор номи худро қатъиян махфӣ нигоҳ медорад. Агар номашро бидонӣ дар пешат сар ҳам мекунад! — ӯ ангушташро маънидорона боло намуд ва то охир хомӯширо ихтиёр кард.
Муҳаммадаваз аз худ рафтори оҳиста, фушурдани дастҳои обиладор ва хомӯшнашро, ки Блоквил оҳиста-оҳиста ба фаҳми он мерафтагӣ шуд, боқӣ гузошта рафт.
Бердимурод — ҳуҷайни бевоситаи Блоквил орзу дошт барои ӯ музди нағз гирифта, бой шавад, лекин ӯро лозим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ