Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
даш чунин мешуморид, ки он харитаҳоеро, ки бояд ин ҷо тартиб медод, ба манфиати тамаддуни ҷаҳонӣ хоҳанд буд! Бо ин ҳама мӯи барвақтсафедшудааш аҷаб беақл будааст, беақли соддалавҳ!
Халқҳое, ки дар орзуи озодианд, дер ё зуд лашкаркашони худро пайдо мекунанд. Дар байни юнониён ҳам Искандари Мақдунӣ пайдо шуд. Харобиҳо, ки юришҳои ӯ ба бор меоварданд беҳаду даҳшатангез буданд. «Мулло Фарангӣ»-ро ногаҳон чунин андешаи оддии мутаассир сохт; агар он ҳама нерӯи тафаккурро, ки дар ин юришҳо барои сохтани муҳаррикҳои мудҳишу марговар сарф мешавад, барои равнақи беҳбудии ҳақиқӣ истифода мекарданд, инсоният чӣ сон хушбахт мешуд!
Охир ин ҳама об барин равшан аст! Бо вуҷуди он ки қарҳо якдигарро иваз кардаанд, аммо кадом халқ аз бераҳмии ҷанг амсоли таҳриби Аттикаи зебо аз тарафи лашкаркашони форс Мадоний ва Ксеркс даст кашид? Ё шаҳодати боз ҳам даҳшатовари хароб сохтани давлати форсҳо аз ҷониби Искандари Мақдунӣ киро боздошт? Ва магар сабаби он низоми ғорату зӯроварии Искандари Мақдунӣ бевосита аз аввала реша намегирад?! Магар интиқом ба ҷуз афзудани маккорию зулм, ситамкорию мунофиқӣ натиҷаи дигаре ҳам дошт дар одам? Ва магар ин юриши бешарафона ҳам ҳамин чизро ба бор наовардааст? Беақлии оқилона мебуд бовар доштан ба ягон чизи дигар!
Блоквил, воқеан, он қадар ҷоҳил набуд, охир ӯ чашм дошт, ки ба ҳамин монанд чизе рӯҳ медиҳад, ҳам хун, ҳам зӯроварӣ, ҳам азобро интизор буд, лекин ҳамаи ин гӯё ба ӯ дахле надошт, ӯ коғази гербдор дорад, ҳар чӣ ҳам набошад, ӯ дар ин ҷо бегона аст, ӯ охир ин ҷо ҷангкунӣ наомадааст, комилан бо мақсади осоишта, тартиб додани харитаи чоҳҳо, ҷӯйборҳо, сарчашмаҳои об омада буд. Оҳ, чӣ ҷаҳолати зебо! Агар аз ин беш нагӯем. Магар ба ту дар ҳамон ҷо, дар Теҳрон маълум набуд, ки харитаҳои ту ба истилогарон барои осонтар ба итоати худ даровардани ин мардуми озодидӯст, барои беҳтар идора кардани онҳо лозим буданд?!
Боре бегоҳӣ ӯ ҳамин хел дароз кашида, бо дастонаш паси сарашро дошта, дар бораи юриши форсҳо ба
муқобили туркманҳо, ширкати шармовари худ дар он,
умуман дар бораи ҳомиёни табиати инсонӣ ба андешаи
чуқур рафт. Акнун вақт бисёр тӯл мекашиданд ва бе
ягон саросемагӣ ҳамаи онро, ки чӣ хел то ҳол зисту дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ