Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ӯ чароғро таъмир карда равған рехт ва акнун шабҳо онро меафрӯхту дастон таги сар ба пушт дароз кашида, ба сояҳое, ки дар асари шӯълаҳои оташдону чароғ ба вуҷуд меомаданд нигоҳ мекард. Ӯ меандешид; чаро одамон меҷанганд? Чаро ҷомеаи бузурги одамӣ ба даҳҳо ҳазор ҷомеаҳо тақсим мешавад; форсҳо, франсузҳо, туркманҳо ва ғайраю ҳоказо? Чаро як ҷомеа ба ҷомеаи дигаре ҳамла, забт, тораҷ, торумор мекунад? Ким-кадом чархи марговаре ба ҳаракат меояд ва муҳаррике азиме, ки аз рӯҳи беисти вайронкорӣ моломол аст, ба неши азобу уқубат задан сар мекунад. Сипас ба умеди он, ки ягона позахри зӯроварӣ қасос аст, ба ҷазодиҳии ҷавобӣ сар мекунанд. Ким-чӣ хел аблаҳии беинтиҳо ба вуҷуд меояд. Дониши дар донишгоҳ гирифтаашро тагурӯ карда, ба хотир овард, ки кадом замоне як сарбози афинӣ дар сипоҳи нонии юнониён дар Оснё тасодуфан Сардаро оташ зад. Шаҳр, ки аз маводи осонсӯз сохта шуда буд, сӯхта хокистар гашт. Форсҳо итминони комил доштанд, ки ин тасодуф набуда, амали таҷовузкоронаест ва аз ин хотир дар гардани онҳо қарзи муқаддаси интиқом аз Афина бор аст. Баъди ин дар паҳнои таърих чӣ қадар юришҳои басо калони ҳарбӣ паси ҳам ташкил мешуданд. Монанди он, ки худаш бе мулоҳиза, дар он юришҳо ширкат карда бошад, Блоквил чандин бор афсӯс хӯрд.
...Афина ботамом сӯхт, сарзаминаш харобу холӣ гардид, мавҷудоти зинда нобуд шуд. Ҳуҷуми форсҳо хусусан дар давраи Ксеркс1 ва Мардоний2 хоимонсӯз буд. Ҷанг уқубати бисёре оварда, ҳамаи он чиро, ки сӯхтаниву нобуд шуданӣ буд, хароб сохт, форсҳо танҳо ҳамон вақте бозистоданд, ки қувваашон барои истилои навбатӣ — ба ақидаи худашон — интиқоми одилона нарасид. Иғвои ҳарбии ҳозираро низ Сиёҳ-сартип айнан ҳамин тавр ном бурда буд!
Табиист, ки дар навбати худ майли интикомгирӣ аз форсҳо барои ин ҷабри азим дар дили юнониён ишқи озодихоҳиро, ки хислати хоси онҳост, ба вуҷуд овард. Маълум мешавад, ки туркманҳо низ бо ҳамин хислаташон фарқ мекунанд. Ӯ бошад содалавҳона фикр карда буд, ки ин халқи ҷоҳил на танҳо ба итоати истилогарон медарояд, балки бо арзи сипогузорӣ он маданияту навингариҳоеро, ки бо худ меоранд, қабул мекунад. Ӯ ху-
1 Ксеркс — шоҳи форсҳо, писари Дорои I (асри V то милод).
2 Мардоний — лашкаркаши шоҳ Ксеркс (асри V то милод).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ