Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Қариб ҳамаи асиронро панҷкасию шашкасӣ ва аз ин зиёд фурӯхтанд, акнун онҳо дар авулҳои Марв монда буданд, дар Гонур бошад як кас монд — Блоквил.
Аҳволи ӯ каме муътадил шуд. Аввалан, ӯро ба заминқани хушке гузаронданд, курпаи кӯҳна ва порчаи намаде доданд, ки дар манқал оташ забон мезад, оҳиста-оҳиста муҳити зист ба вуҷуд омад. Сониян, ӯ худро озодтар ҳис мекард, имконият дошт дар тамоми деҳа ва гирду атрофи он сайру гашт кунад. Ҳақиқатан, на аз сафоратхонаи Фаронса ва на аз худи Теҳрон ягон хабаре намерасид. Лекин ӯ интизор буд. Боз чӣ кор ҳам мекард?
Гуфтугӯи дигареро нашунида, баъди ду-се моҳ забони туркманиро кам-кам мефаҳмидагӣ шуд. Хуҷайни ӯ Бердимуроди ҷавон одами дуруштҳӯ буд, кашол ёфтани посух аз Теҳрон ӯро боз ҳам хашмгин карда буд. Дигар сокинони авул бошанд бо Блоквил муносибати хуб доштанд, «мулло Фарангӣ» меномиданд. Пеш аз ҳама, албатта, бо ӯ бачаҳо одат карданд, онҳо бисёр вақт ҳангоми гашту гузор кардану пурсидани инӯ он ки парранда ё дарахт ба туркманӣ чӣ ном дорад, ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Вақте ки ӯ як бор дасти чорёри хурдакакро баъди аз асп афтиданаш рост кард, бачаҳо бо ӯ боз бештар ошно гарсиданд.
Он қадар хӯроки нағз намедоданд ва дар рӯзҳои аввал ӯ ҳамеша гуруснагӣ мекашид. Аммо «мулло Фарангӣ» мушоҳида кард, ки туркманҳо ба ҷуз баъзе ҳолатҳо ҳама вақт ҳамин хел хӯрок истеъмол мекунанд ва ӯ гиламанд ҳам шуда наметавонист. Баъди ним сол одат кард, сер мешуд ва умуман хӯрок диққати ӯро беш аз пеш камтар ҷалб мекард. Акнун назари ӯро бештар одамони атроф ба худ мекашиданд. Шабҳои тӯлонии зимистон дар оғӯши нолаи шамол ва фиғони дилгиркунандаи шағолҳо «мулло Фарангӣ» аз бисёр чизҳо таҷдиди назар кард. Ҷавонии беғам, дӯстони мисли худаш сабукрафтор, тамоми умри тайгашта ва шояд дурахшонтарро нисбат ба он, ки иҳотааш карда буд, ба ёд овард. Ҳамаи он ҳаёти аз сар гузашта акнун дар ин ҷо, дар ин заминқани паст, байни регҳои сиёҳи Қарақумӣ нодурусту калбакӣ менамуд. Фақат модарашро, ки бармаҳал вафот карда буд, ӯ пурраву ҳақиқӣ ба ёд меовард ва бисёр афсӯс мехӯрд, ки чаро дар вақташ ӯро кам дӯст медошт. Вале акнун ӯ дигар бар нахоҳад гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ