Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зад, — ту ба ман нархи қатъиро бигӯй, мефаҳмӣ. Бердимуроди азиз, қатъияшро, ман харидорам.
— Нархи қатъияш — даҳ ғулом, нотамомаш нӯҳ ғулом.
— Ҳозир чӣ ғулому чӣ рег! — ва қамчинашро бозӣ даронда мӯйлабдор рафт.
Дар ҳақиқат баъди торумори сипоҳи бисёрҳазорнафараи форсҳо дар замини Марв ғуломон бисёр буданд. Лекин азбаски дар Марв ҳеҷ гоҳ бозори доимии ғуломфурӯшӣ набуд, туркманҳои маҳаллӣ тасаввуроте надоштанд, ки ғуломфурӯшӣ чист. Савдогарон бо тамоми ҳастӣ хушомад мезаданд, роҳи дарозу пурхатари бо корвон тайкардаашон, хароҷотеро, ки ҳангоми бозгашт бо ғуломон мекарданд, баҳона меоварданд. Ва аз ҳама асосиаш поро дар як мӯза андохта, бовар кунондани мешуданд, ки ғуломон ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева аз ҳад зиёданд. Хусусан дар Бухоро, ки хони Бухоро дар юриши охиринаш бисёр ба даст даровардааст.
Ҳамин тариқа, нархҳоро паст карда, ғуломонро арзон мехариданд. Фақат бародарон то ҳол бо асири франсузи худ дар ҷо менстоданд ва савдогарон торафт бештар дар атрофи онҳо чарх мезаданд, ҳар кадом мехост ин лукмаи равғаниро соҳиб бошад.
Мӯйлабдор дубора наздик шуд, акнун ӯ бисёр мехост ба Бухоро ғуломи аҷоибро бурда, ҳамаро дар ҳайрат гузорад. Магар фарқ дорад, ки баъдтар ӯ ба сифати кӣ маълум мешавад — ҷодугар аст ё чияни шоҳи Фаронса. Парранда аз парвозаш маълум аст — ин хел ғулом то ҳол набуд! Мӯйлабдор пеш омада, ин дафъа аз хуҷайни нею аз худи ғулом пурсид:
— Худат худатро чанд нарх мемонӣ?
Гуфтугӯ бо туркманҳо бо чанд сухан анҷом ёфт ва Блоквил аз он хурсанд шуд, ки имконияти бо одами форсидон гап задан пайдо гардид. Ӯ лабханд карда, гуфт:
— Агар худам худамро нарх гузорам, ба он пули ягон кас намерасад.
— Мерасад, мерасад, — савдогар миёнбанди тибиташро тап-тап зад. — Боқӣ ҳам мемонад! — Ва овозашро паст карда, давом дод: — Дар атрофи ту харидорони зиёд ҷамъ шудаанд, лекин ҳамаашон аблаҳанд, ба ман бовар кун, ман охир ба ту ёрӣ додан, туро озод кардан мехоҳам, баъд ҳамроҳ ба ватани ту меравем, ту озод мешавӣ...

пешина
аз 328
навбатӣ