Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

атрофи онҳо ҳам гиру дор зиёд буд. Онҳо касоне буданд, ки ҳамроҳи худи шоҳ якҷоя нишаста, таом хӯрдан насибашон гаштааст ё хешони дури хонаводаи шоҳ буданд — аз онҳо бояд даромади калоне ба даст меомад. Лекин ин асирони номдор, ки дар байни дигар ғуломон мақоми махсусе доштанд, дорои чунин қоғаз набуданд! Калимаи «қоғаз» дар атрофи ӯ аз ҳама бештар ба забон меомад, чун оҳанрабо ин калима харидоронро ба худ мекашид, ҳар кадом орзуи соҳиб шудан ба ин асири ғайриоддиро мекард.

Давраи калон дар атрофи ӯ танг мешуд ва ана Блоквилро савдогарони додзану ҷанҷолӣ аз наздик иҳота карданд. Яке мегуфт, ки ин ҷияни шоҳи Фаронса аст, дигаре қасам мехӯрд, ки ин асири мӯйзард ҳеҷ хел ҷияни шоҳи Фаронса набуда, ҷодугари оддист. Ҳуллас, савдогарон дашном медоданд, ҷанҷол мекарданд ва худ аз худ нархи бе ин ҳам баландро болотар мебардоштанд. Нарх бошад торафт баланд мешуд. Туркманҳои деҳаи Генур ҳатто ин яшулиҳои иззатманд, ки эҳтимол ҷияни шоҳи Фаронса ё ҷодугар набудани франсузро медонистанд, нархи афсонавиро шунида, худашон ба калимаи мӯъҷизакори «қоғаз» бовар карда буданд. Ва вақте бовар карданд, ончунон мағруру хоболанд шуданд, ки ба харидани франсуз аз онҳо дигар ягон умед намонд. Лекин савдогарон боянд. Онҳо туф мекарданд, дашном медоданд, қатъиян мегуфтанд, ки дигар наздик намешаванд ва дур мерафтанд боз аз нав ҳозир мешуданд. Қоғази махфӣ дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон, аз паси ҳафт қулф бо мӯҳри гербдор, имзои ноҳонои ким-кадом одамони калон — ҳама гап дар сари ҳамон буд.

Ана, савдогари ҷавоне, ки мӯзачаҳои нӯгборики олуфта аз сафёни мулойми сабз, ҷомаи мӯд ва миёнбанди тибити бо пулакчаҳои ҷилодор дошт, наздик омад. Мӯйлабҳои сиёҳи сиҳаш чунон дароз буданд, ки онҳоро аз қафо ҳам дидан мумкин буд. Савдогар самимона бо бародарон Эйськомурод ва Бердимурод — соҳибони Блоквил вохӯрӣ кард. Ба тарафи франсуз нигоҳ ҳам накард.

— Нархашро бигӯ! Ба калонӣ муроҷиат карда, гуфт савдогар, нӯги қамчинашро оҳиста ба Блоквил расонда.

Нархи даҳ ғулом!

— Не,— ба бехи гӯши бародари калонӣ пичиррос

пешина
аз 328
навбатӣ