Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
дар тарафи чапи теппа ҷамъ шуданд. Чорчӣ бошад боз гӯши росташро маҳкам карда, фарёди гӯшкаркунанда баровард:
— Ҳамаи ҳунармандон ба назди ана он буттай газ гузаред!
Ҳунармандон кам буданд — ҳунармандию осоиштагӣ бо ҷанг бегонаанд. Дар ҷояшон танҳо онҳое монданд, ки вазнашон аз панҷ пуд бештар буд. Онҳо боқувват ҳисобида мешуданд, нарҳашон аз ҳунармандон пасттар бошад ҳам, ба ҳар ҳол баланд буд. Лаҳзае баъди тақсимшавӣ байни пуркувватҳо занозанӣ ба амал омад, ду нафар бо ҳам часпида буданд. Онҳоро ҷудо карда, назди теппа бурданд ва мӯйсафеди кулоҳпӯш сабаби занозаниро пурсид.
Маълум шуд, ки ин ду нафар ҳунари худро пинҳон кардан хостанд. Яке досҳое тайёр мекард, ки дар бозор бо ду нархи худ ба савдо мерафтанд. Дигараш бошад говҳоро ахта карда метавонист. Онеро, ки дос месохт, мӯйсафед ба назди ҳунармандон фиристод. Говҳоро ахта кардан аз афташ ба мӯйсафед ҳунари ҳақиқӣ нанамуд. Ӯ каме фикр карда, асирро аз нав ба гурӯҳи боқувватҳо баргардонд.
Савдо сар шуд. Харидорон наздик мешуданду боз қафо мегаштанд, мушакҳои асиронро даст-даст мекарданд, ба даҳонашон менигаристанд, сар меҷунбонданд, бари ҷомаҳояшонро тап-тап зада, дастон сӯи худо илтиҷо мекарданд, ки нархи аз ақл берунро паст кунад, ҳар одами пешомадаро ба шоҳидӣ даъват мекарданд, ки ин хел нарх набуд, нест ва набояд бошад. Худи асирро ба шоҳидӣ мехонданд — сад сол боз ин хел нарх барои ғуломи оддӣ набуд!
— Бигӯ, худат бигӯ, ошно, охир ту он қадаре, ки ҳиллагар талаб мекунад, арзиш надорӣ, ту ягон ҳунар надорӣ, пойҳоят сустанд, бо ҳалтан орди панҷпуда сад қадам ҳам рафта наметавонӣ..., мана бин, дандонат ҳам меҷунбад, чашми чапат гул дорад...
Бо ғалвоғалаю додзанню ҷанҷол савдо меҷӯшид. Блоквил аз аввал дар канора меистод, ҳаракатҳои савдогарон дар атрофи ӯ мисли дигарон пурмағал набуданд ҳам, вале нисбатан шиддатнок буданд. Ҳамаи савдогарон дар бораи он коғазе, ки дар сафоратхона дар Теҳрон маҳфуз аст, аллакай хабар доштанд. Моҳияти коғазро нафаҳмида, аҳамияти онро барзиёд нишон медоданд. Дар бозор аёрони номдоре низ буданд, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё