Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамсоя ангуру шафтолу, харбуза, ҳамчунин намакду биринчу гандум оварда буданд. Лекин моли асосӣ албатта, гуломон ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳанӯз барвақт буд, лекин дар фазои осмони осмонӣ офтоби беҳаракат месӯзонд, акнун вай гӯё то бегоҳӣ дар як ҷо овезон буд, вақте ки аз каратӣ раҳо гашт, зуд сӯи талу деворҳо мешитобад, тӯрафт сурх шуда, шуҳояш нест мешаванд, худаш ғайб мезанад.

Савдои асосӣ сар нашуда буд. Дар чойхона савдогарони бой дар сар саллаву кулоҳу тоқӣ чорзону зада, бафурҷа чой менӯшиданд. Дар лаълиҳо хӯшаҳои ангур мехобид. Сояи ақоқиё қолину гилемҳоро гӯё догдор мекард. Тоҷирони бой, ки аз Бухорову Хева, ки корвонҳои пурборро оварда буданд саросема намешуданд. Бигузор аввал савдогарони майда каме пароканда шаванд. Онҳо бошанд аспҳоро дар сояи деворҳои лоин баста, дар назди пештахтаю магалкунон якдигарро тела дода, мехаридандлу мефурӯхтанд, биринҷи тозаро ба хӯҷинҳо мерехтанд, то овозашон гирифтан тазрифи молашонро мекарданд. Аз савдокунӣ, ки монда шуданд, дикақ менишастанд ва носкадуро бароварда, носро таги забон мепартофтанд ва боз савдо мекарданд. Вақте чаканафурӯшӣ анҷом меёфт, савдои асосӣ сар мешуд.

Мӯйсафеди қоматбаланди кулоҳи нав пӯшида бо таёқи гурмдор такя карда, болои теппачаи шӯрзамин баромад ва ба одами паканаю ғафсаке ишора кард. Маълум шуд, ки он одам чорчӯ будааст. Ӯ гӯши росташро маҳкам карда, гӯё маҳз ба воситаи он овоз мебароварда бошад, даҳонашро кушода, ба асирон муроҷиат карда, ба забони форсӣ бо овози гӯшхарош фарёд зад:
— Деҳқоноки вазнашон то панҷ пуд ба тарафи чап гузаред!

Асирон, ки аз интизорӣ монда шуда буданд, ба ҷунбиш омаданд, якдигарро тела дода, ба тарафи чап ҳаракат карданд ва аҷоиб ин ки дар ин ҷо ҳам маҳоли шӯхӣ ёфт шуд;
— Ту чӣ!
— Ман шикам дорам-ку, — дигарӣ ба шиками хаёлиаш тап-тап зад.
— Ба воситаи шиками ту пуштро хоридан осон аст, ҳамаи мӯҳраҳои пуштат намоёнанд, гард ҳамроҳи мо, ба тарафи чап!

Ба зудӣ ҳамаи онҳое, ки вазнашон то панҷ пуд буд,

пешина
аз 328
навбатӣ