Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мешаванд; дирӯз... имрӯз... фардо — калимаҳое, ки дигар моҳияташонро гум кардаанд. Вақте ба ӯ гуфтанд, ки феврал асту се моҳ гузаштааст, ӯ бовар кард, лекин инро фаҳмида наметавонист. Ва танҳо вақте, ки аз чуқурӣ берун омада, қоматашро рост карда ва қафаси синаашро пур карда, нафас гирифт, дид, ки дар ҳақиқат дар атроф феврал аст. Шамол аз тарафи ҷануб ҳусни осмони кабӯд ва бӯи гули бодомро меовард, аз шимол сардиҳои барфи тарро; дар талҳо барф буд, аммо дар атроф рег аллакай хушк мешуд. Сангпуштҳо дар атрофи сангҳои сабз сӯрохиҳоро иҳота карда буданд. Ранги пашми уштурон парида буд. Туркманҳо фақат ҷомаҳои чорӯмро аз тан кашида, бо либоси гарм дар берун мегаштанд. Дар регзор аллакай зарбати тиллоранг ва кӯкнори лолагун ҷилва мекарданд. Аввалин бор ӯ ба ин қадар тезӣ ҳамаи андозаи умумияти худро бо кулли он чӣ ки ҳозир ӯро иҳота карда буданд, ҳис кард. Фаронса..., албатта, мамлакати зебост, лекин вай як қисмати ночизи ин ҷаҳони беҳудуд аст.

Асиронро хӯронда, ба Марв, ба бозори ғуломфурӯшӣ бурданд. Блоквилро андак дертар бароварда, ба асп савор карданд. Аз афташ умед доштанд, ки нисбат ба асирони оддӣ барои ӯ маблағи хеле зиёд мегиранд.

Вақте ба Марв расиданд, дар майдони калон аллакай савдои одамон шурӯъ шуда буд. Блоквил гӯё худро тамоман фаромӯш карда бошад, ин амалиёти даҳшатнокро бо як мароқи ғайриоддӣ ва ноҷо тамошо мекард. Одамон одамонро мисли ҳайвон савдо мезаданд.
Ҳамаи дастовардҳои ботинии наҷиби инсонӣ дар назди онҳо ҳеҷ мешуд, ҳамаи ёдгориҳои маданияти ҷаҳонӣ ба хоку хокистар мубаддал гардида буд. Инсон — шоҳи табиат — ашки сари мижгон; чӣ хел ӯро ба хоку лой афшондан осон будааст.

Тоҷирони ҳевагию бухороӣ савори аспҳо бо нуқраву
зарбофт орододашуда ҷадали зиёд доштанд; чӣ хел
карда нархро пасттар кунем. Аз як тараф ғуломон ин
дафъа бисёр буданд ва нархро то ҳадди охирин фуровардан мумкин аст, аз дигар тараф бошад — агар бо
нархи охирин нахарӣ, дигарон мехаранд, молро аз таги
биният мебаранд. Савдогарони мағрур дар чойхонаҳо
гурӯҳ-гурӯҳ дукасӣ, секасӣ ҷамъ шуда, ба асирон нигариста, гӯшакӣ мекарданд, гап мепазонданд. Майдони
васеъ бошад аз бисёрии одамон чун мӯрчахона вижҷос
мезад. Дар ин ҷо охир ҷуз аз асирон деҳқонон аз авулҳои

пешина
аз 328
навбатӣ