Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ҳомушакҳоро шикор мекарданд. Ин шугл ба ӯ қаноатмандии овард.
Шоми дигар ғуқҳо боз омаданд. Ва боз, ва боз... Ӯ акнун аз чунин шабҳо наметарсид, баръакс онҳоро интизорӣ мекашид. Интизор мешуд, ки кай ҷуфти қарини ғуқҳо пайдо мешавад. Рӯзҳо барои онҳо пашшаҳоро, ки хеле бисёр буданд шикор карда, бегоҳӣ ба пеши онҳо мепартофт. Ва мана ӯ боз чизи дигареро кашф кард; пашша агар арому беҳаракат мехобид, ғуқ онро ёфта наметавонист, гарчанде дар наздаш буд. «Маълум, ки чашмонаш мисли чашмони мо нестанд — муайян кард Блоквил, — фақат чизҳои дар ҳаракатро мебинад». Ӯ аз бистар чӯбпораеро бароварда, эҳтиёткорона пашшаи беҳаракатро тела додан гирифт ва ғуқ онро дарҳол бо забони дарозу чаққонаш дошта фурӯ бурд, гӯё тамоман вуҷуд надошт. Ин Блоквилро хушҳол кард, фикри ӯ тасдиқ шуд, ӯ хурсандона андеша кард, ки табиат моҳиятан бениҳоят кушоду ба мо наздик аст, ҳамаи он чиро, ки моро беҳтару хушбахт карда метавонад, муҳайё сохтааст.
Аз ин бегоҳӣ сар карда, ӯ ҳамаи он чиро, ки дар атрофашон мебуд, бодиққат назорат карда гирифт. Ҳатман бояд бегоҳиро интизор шавӣ, то ғуқро, ки қариб дастомӯз шудааст, биёяду сераш кунӣ. Ҳатмӣ нест, ки кафи дастатро дошта, дуру дароз тортанаки эҳтиёткори чашмонаш зумуррудрангро интизор бош. Ба чаҳони назди худ назар афкан ва он гуногуниро, ки аз одат накардан ҳаросонат мекунад, мебинӣ. Ана решаҳои хушкидаи ким-кадом гиёҳӣ ҳаёти пурҷушу хурӯш гузаронда, ана чӯби пӯсида, рангаш шабҳо сард аст, нигоҳи ҳаштпоро ба хотир меорад, мана рег, лекин ба кафат гиру ба чашм наздиктар бар; ду регмайдаи якхеларо ёфта наметавонӣ. Ҳатто агар ҳамин хел дароз кашию сӯи осмон соатҳо нигоҳ кардан гирӣ, мебинӣ, ки абрҳои шинокунанда чӣ хел тасвирнашавандаанд, чӣ хел комилу босуръат аст парвози паррандаҳое, ки аз болои ту мегузаранд...
Мафҳуми вақт тағйир ёфта буд. Блоквил тасаввур ҳам намекард, ки рӯзҳои ӯ дар ин чуқурӣ, ки хок аз лабҳояш мерезад, чӣ хел дароз ё чӣ хел кӯтоҳ хоҳанд буд. Рег мерезад бо хишир-хишири аҷаб мулоиме. Ва ҳамин тариқ шабу рӯз сипарӣ мешаваду бехабар мемонӣ, ки чӣ хел дирӯз бо имрӯз ва фардо аралаш мешаванд. Ва худи ин мафҳумҳо дар ин хишир-хишири вақт омехта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё