Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
сӯяш фуроянда диққати ӯро ба худ кашид: боз ғунда набошад? Дар чуқурӣ таёқчае дошт, ки бо он каж-думу канаи гӯсоларо зер мекард. Ғундаро то ҳол во-нахӯрда буд, ин бошад ғунда не тортанаки оддии бур-ранг буд. Аз чӣ бошад, ки Блоквил поҳои ӯро ҳисоб кард, ҳашт-то баромад. «Тамоми умр фикр мекардам, ки шаш по дорад, маълум шуд, ки ҳашт по дошта-аст». Чашмонаш, ки пеш сиёҳ менамуданд, акнун маъ-лум шуд, ки зумурраданд, дар намуди барғаи он ран-ги нофармон ба назар мерасад, пойҳояш панҷзинадор буданд. Бар замми ин чанголчаҳои хурди шамшермо-нанд дошт. Ҳамаи инро Блоквил ҳамон вақт «кашф кард», ки «меҳмони» дар ҳаво овезонашро бо тамоми диққат тамошо мекард. Аз пеш ҷуфти мӯйлабчаҳои қат-шудае дошт, ки намечумбиданд. Блоквил кафи дасташ-ро зери ӯ бурд, - то рӯтонак ба он фурояд. Шояд чунин мавҷудоти майдаҳаку сабукакро рӯи кафи шахшул ги-рифтан гуворо бошад. Аммо чун ӯ кафи дасташро пеш бурд, тортанак бо риштаи наоён боло баромада ғайб зад. Блоквил зик шуд. Кӯшиш кард Парижро ба хо-тир биёрад, нашуд, бозӣ ба ҷон расид, сангҳо аз дасташ меғалтиданд, ҳар замон ба он ҷое менигарист, ки тортанак ғайб зада буд.
Он рӯз тортанак дигар пайдо нашуд. Осмон оҳиста-бо ким-чӣ хел хатҳои равшан, вале бо ҳам омехташаванда торик шудан гирифт. Ва ин лаҳ-лахшавии осмон ҳангоми хомӯшию оромӣ атроф ӯро мафтуни худ кард. Рӯз аллакай анҷом меёфт. Боз як рӯзи ҳаёт гузашт, соати беном даррасид, баъди андаке ба ӯ хӯроки шом меоранд ва аз паи он шаб фарӯ мерасад сиёҳне, ки миллиардҳо мехҳои ялакосӣ ба он куфта шудаанд. Блоквил гӯё болои бистари худ дар қаъри ҳавзи бузурге дароз кашидааст. Ана, як ситора канд... Боз як рӯз ба ҳукми фаромӯшӣ рафт, боз як рӯз ба охир наздик шуд... Зеро ин осмони ором то рафт ботини ӯро ғусса пур мекард, ҳатто ҳаёти тайшуда низ чун пештара завқи ӯро намеовард, рӯҳияи пешина бартараф шуда буд. Лекин оҳиста-оҳиста ким-чӣ хел воқеияте тавлид меёфт. Дар охирин равшании шоми ором Блоквил хост чеҳраи худро дар тахти косаи оҳанин бубинад.
Ӯ дид, ки дар муқобилаш аз кунҷ, аз афташ аз лонаашон - ду гуки заминӣ баромадаанд. Ӯ оромона гарки тамошо шуд, ки чӣ хел онҳо дар нимторикӣ магасу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё