Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мағозаи чарчинфурӯшӣ кӯчид. Бо соҳиби мағоза ҷаноби Лантэн ошноӣ карда, ҳамроҳи ӯ бисёр вақт бегоҳиҳо дар қаҳвахонаи ҳамсоя арақи явшон менӯшиданд. Лантэн духтаре дошт, номаш Тереза. Онҳо якдигарро дӯст доштанд, тӯй ҳам наздик буд. Вале Тереза соли 1849 аз касалии вабо вафот кард ва Блоквил барои он, ки каме ҳам бошад инро фаромӯш кунад, саёҳати бисёре кард, қариб тамоми Аврупоро гашт. Баъд қарор дод, ки барои тайёр кардани насосҳои артезианӣ устохонаи шахсии худро кушояд, пул даркор буд. Ва дар ин вақт тасодуфе пеш омад: дар ним сол маблағи лозимаро ёфтан мумкин буд. Ҳамин тариқ ӯ ба ин ҷо, ба замини бегона афтид.

Оҳиста-оҳиста дигар нишастан дар чуқурии барои ӯ он қадар дилгиркунанда набуд, аз хобаш мехесту худро дарҳол ба коми хотираҳо медод. Сар кардан аз ҳар чиз осонтар буд, масалан аз намуди берунаи Нотр-Дам... Ҳама акнун дур ва ниҳоят диққатҷалбкунанда ба ёд мерасиданд. Ҳар як рӯзи он зиндагӣ санги қимматбаҳое буданд, ки аз нав шумордани онҳо саропо лаззатбахш буд... Қариб ҳар рӯзи якшанбе ҳанӯз субҳ надамида, моҳигири гузаро — Блоквил шасту куттичаи оҳаннашоҳ гирифта, аз хона мебаромаду дар поезде, ки тарафи Аржантейл мерафт, менишаст. Дар Колома фуромада, то ҷазирачаи Марант, ки он ҷо пескарҳон дӯстдоштаашро ба шаст меоварад, пиёда мерафт. Бегоҳӣ аз ӯ дида одами хушбахттаре набуд... Ё худ ба ёд овард, ки чӣ хел дар вақти таътил ба назди амакаш ба Жюмьеж рафта буд. Экипажи мулоим аввал ӯро ба чарогоҳҳо бурд, баъд асп қадамашро сусттар намуда, ба теппаи Кантеле баромад. Аз болои теппа манзараи боҳашамате менамуд: аз чапи ӯ — Руан, шаҳри калисоҳо, зангӯлаҳои готикӣ, аз рост — Сен-Севёр, гирду атрофи шаҳр, фабрикаҳо; аз садҳо дудбароҳо дуд мебаромад. Дар поён бошад Сенайи зебои пурпечутоб ва ҷазираҳо, аз рост ҳарсангҳои сафед, ки дар болояшон ҷангали анбӯҳ сиёҳӣ мекард, аз чап чарогоҳҳои нопайдоканор, дар уфуқ хати хокистарранги ҷангал. Дар дарё киштиҳои калону хурд; бодбонӣ, дубодбонӣ, чархдор ҷониби Гавр шино мекарданд, ё баръакс аз Гавр бармегаштанд, киштии хурди мурғобимонад, обро пош дода, базӯр барҷан калонеро мекашид..

Боре пагоҳии нав аз хобаш хеста, хост боз чашмонашро пӯшида, ёддоштҳояшро парақ занад, лекин тортанаки

пешина
аз 328
навбатӣ