Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хона андӯҳгин даромаданд фарёди кӯдак ва нолаи занона баланд шуд. Ҳамин хел овоз ҳам дар хонаи муқобил, ҳам дар охири кӯча ва боз дар куҷое... баланд шуд. Франсуз ба азоби ботинии худ бениҳоят банд буд ва акнун инро шунида, фаҳмид, ки оқибати кор чӣ будааст ва дар қалбаш даҳшат ҷо шуд...

Ҳамаи асиронро ба гурӯҳҳои хурд-хурди панҷкаса, дахкаса ҷудо карда, дар ҷойҳое, ки аз шохаҳои хостак сохта буданду ба молхона монанд дошт, нигоҳ медоштанд. Онҳоеро, ки ҷвонтару бақувваттар буданд ва барои гурехтан ҷуръат карда метавонистанд, ҳамроҳи баррачон ширмак ҷо карда, шаб посбон мемонданд. Бад хӯрок медоданд, ҳамон қадаре, ки аз гушнагӣ намурданд. Гап дар сари сарфа кардан не,— ин ҷо мақсади дигар буд: аз гушнагӣ камқувват шуда, дур гурехта натавонанд. Барои франсуз алоҳида чуқурӣ кофта, онро шабу рӯз посбонӣ мекарданд, дар як тарафи чуқурӣ мехи оҳанине зада буданд, ки шабҳо франсузро ба он мебастанд. Лекин ӯ аз асирон ягона одаме буд, ки ба ӯ бистари пур аз чӯбмайда дода, хӯроки беҳтар медоданд. Бо вуҷуди ин ӯ ҳамроҳи дигарон дар ҷонбаррачаҳо ё молхонаҳо буданро бештар меписандид. Рӯзона дар чуқурӣ нафастанг мешуд, офтоб дар нимарӯзӣ метафсонд, ҳар соат маҷбур мешуд ҷонбистари пур аз чӯбмайдаашро, ки рӯзҳои танҳоӣ асосан дар рӯи он мегузаронд, иваз кунад.

Рӯзҳо бошанд то вақте ки савдогарон хабари ғуломони арзонро шунида, аз Хеваю Бухоро ва Марв нарасанд, паси ҳам якдигарро иваз мекарданд. Рӯзҳо дар чуқурӣ бисёр тӯлонӣ мегузашт. Аз саҳарӣ, ки салқин буд, Блоквил чун раққосак гаштан мегирифт — ду қадам ба пеш, ду қадам ба ҷои аввала. Тез-тез ба боло менигарист, посбон-мӯйсафеди шемхалдор дар наздикиҳо буд, баъдан кунҷкобӣ нигоҳ ҳам мекард. Лекин фақат осмони чоркунҷа, ки саҳариҳо қабуди снехчатоб ё нисфирӯзӣ сафедтоб аст, менамуду халос. Вақте ки монда мешуд, болои бистар менишаст, пойҳошро ба бағал кашида, пушташро ба девори хоқаш резонда такя медод. Чашмонашро пӯшида, таҳсилро дар донишгоҳ, ҳаёти баъди таҳсилро дар маҳаллаи Лотинӣ, рӯди Сенаро, ки шабҳои торики июн дар соҳили он гардиш карданро дӯст медошт, ба ёд меовард. Баъди таҳсил ӯ маҳаллаи донишҷӯнишини пургалогуларо тарк карда, ба ҳуҷраме дар кӯчаи Нотр-Дам-де-Лорет дар муқобили

пешина
аз 328
навбатӣ